Ба гузориши манобеи хабарӣ, Содиқхон шаҳрдори Лондон дар суханоне гуфт: ба далели эъмоли хушунатомезе, ки 10 рӯз аст ин кишвар шоҳиди он аст ва мусулмонони Англис ҳадафи ин хушунатҳо ҳастанд, онҳо ҷуръати беруномадан аз хонаҳои худ барои намозгузордан ва ё хурӯҷ бо пӯшиши ҳиҷобро надоранд.
Вай дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Гордиян гуфт, ки ӯ монанди бисёре аз афроди ҳам насли худ, аз шӯришҳое, ки даҳ рӯз аст дар Англис дар ҷараён аст ва мусулмононро ҳадаф қарор медиҳад, эҳсоси нороҳатӣ мекунад.
Содиқхон, ки дар Лондон аз падар ва модари муҳоҷири покистонӣ ба дунё омад, афзуд: Дидани тарси кӯдакон монанди замоне, ки дар даҳаҳои 1970 ва 1980 бузург шуданд, ғамангез аст.
Вай идома дод: Ман касе ҳастам, ки дар даҳаҳои 1970 ва 1980 бузург шудам ва ҷабҳаи миллӣ ва ҳизби миллии Биритониёро дидам ва фикр мекардам, ки ин мавзӯъ тамом шудааст, ман ҳам монанди бисёре аз афроди насли ман аз иттифоқоти гузашта ва махсусан ду ҳафта нороҳат шудам.
Дар ҳамин робита шайх Фоид Муҳаммадсаид, имом ва хатиби масҷиди ҷомеи Лондон мегӯяд: Тарси мусулмонон машрӯъ аст, зеро ифротгароён натанҳо ба масоҷид, афрод ва маҳаллаҳо ҳамла карданд, балки фаротар аз он ба мурдагон ҳамла ҳамла ва қабристонҳоро ҳатки ҳурмат карданд.
Дар чанд рӯзи гузашта пас аз интишори иттилооти нодуруст дар фазои маҷозӣ мабнӣ бар дастдоштани як муҳоҷири мусулмони тундрав дар ҳамла ба кӯдакон, шӯришҳои бо ҳузури садҳо мӯътаризи зидди муҳоҷират дар чандин шаҳри Англистон ба роҳ афтодааст. Полиси Ливерпул рӯзи шанбе эълом кард, ки теъдоде аз аъзои ин неру дар ҷараёни талош барои контроли як даргирии хатарнок дар маркази шаҳр захмӣ шуданд.
Полиси Лондон дар баёнияе таъкид кард: Афродеро, ки аз ҳаққи тазоҳурот ба унвони абзоре барои иртикоби аъмоли хушунатомез ё таҳрики нафрати нажодӣ ва мазҳабӣ нисбат ба сокинон ё полис истифода мекунанд, таҳаммул нахоҳад кард. Мақомот аз масоҷид дар саросари кишвари Англис хостанд тадобири амниятии худро тақвият кунанд; Ҳамчунин полиси кормандони бештареро дар атрофи масоҷид мустақар кардааст.
https://iqna.ir/00HkhZ