IQNA

Вокунишҳо ба куштори занону кӯдакон дар мактаби оворагони Ғазза

22:28 - August 10, 2024
рақами хабар: 1960
ИКНА - Уламои Бейрут бо маҳкум кардани ҷинояти даҳшатноки саҳюнистҳо дар бомбборони мактаби паноҳандагон дар Ғазза таъкид карданд, ки роҳи дигаре ҷуз муқовимат ва мубориза бо душман нест.

Ба гузориши ТоҷикПресс, ҳайати уламои Бейрут дар баёнияе эълом карданд: Ҷинояти мактабиТобиин дар Ғазза бояд виҷдони ҷаҳониёнро бедор кунад, то наслкушӣ хотима бахшад.

Уламои Бейрут афзуд: “Ин чӣ ҷаҳон аст, ки мо дар он зиндагӣ мекунем? Дунёе, ки иддаои тамаддунӣ дорад ва дар бораи ҳуқуқ фарёд мезанад, аммо ин ҳама шиорҳо дурӯғ ва риёкорӣ ҳастанд”.

Дар ин изхорот гуфта мешавад, ки мо хамаи тарафдорони режими чинояткори Исроили ташнаи кушторро барои ин чиноятҳо чавобгар медонем.

Ҳайати уламои Бейрут изҳор намуданд, ки роҳе ба ҷуз муқовимат ва мубориза бо душман намонда аст, агарчи бо ҷон додан бошад.

Донишмандони Бейрут таъкид карданд, ки ҳазинаи мубориза ва муқобила бо Исроил камтар аз ҳазинаи таслим шудан бо хорӣ мебошад.

Русия: Исроил ҳамалоти худ ба аҳдофи ғайринизомиро мутаваққиф кунад

Вазорати хориҷаи Русия эълом кард: Исроил, ҳамла ба аҳдофи ғайринизомиро мутаваққиф кунад, чунин фоҷиаҳое, талошҳо барои барқарории оташбас ва мубодилаи асиронро аз байн мебарад.

Иттиҳодияи араб танҳо ба маҳкум кардани ҷинояти ҳавлноки саҳюнистҳо басанда кард

Аҳмад Абулғит, дабири кулли Иттиҳодияи араб танҳо ба маҳкум кардани ҷинояти ишғолгарон дар бомбаборони мактабе дар Ғазза, ки оворагон дар он паноҳ гирифта буданд, басанда кард.

Ироқ низ ҷинояти режими саҳюнистӣ дар бомбаборони мактаби оворагон дар Ғаззаро маҳкум карда ва онро баёнгари бетаваҷҷуҳии ишғолгарон ба тамоми талошҳо барои таваққуфи таҷовузоташон хонд.

Иттиҳодияи Аврупо: Яиноёти Исроил ҳеҷ тавҷиҳе надорад/ Исроил беш аз 10 мактабро ҳадаф қарор додааст

Ҷозеф Бурл, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо эълом кард: Дидани тасовири даҳҳо ҷонбохтаи фаластинӣ дар асари бомбаборони мактаби оворагон дар Ғазза ваҳшатнок аст, тайи ҳафтаҳои ахир, беш аз 10 мактаб ҳадафи ҳамалоти Исроил қарор гирифта, ин ҷиноятҳо қобили тавҷеҳ нест.

Дар пайи бомбаборони мактаби Тобиин дар маркази Ғазза, ки оворагони фаластинӣ дар он паноҳ гирифта буданд, низомиёни Исроил беш аз 100 нафарро шаҳид ва даҳҳо нафари дигарро захмӣ карданд.

https://tajikpress.com/2024/08/10

captcha