IQNA

Ҳизбуллоҳи Лубнон, ҷинояти мактаби Ат-Тобиин дар Ғаззаро маҳкум кард

22:40 - August 10, 2024
рақами хабар: 1961
ИКНА - Ҳизбуллоҳи Лубнон дар пайи ҷинояти ахири режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар ҳадафи қарордодани мактаби Ат-Тобиин дар Навори Ғазза, ки маҳалли искони оворагони фаластинӣ буд, бо судури баёнияе зимн маҳкум кардани ин ҷиноят, аз бетаваҷҷӯҳии ҷомеаи байналмилалӣ нисбат ба авзоъ дар сарзаминҳои ишғолӣ интиқод кард.

Ба гузориши Ал-Маёдин, Ҳизбуллоҳи Лубнон ба ҷиноят ваҳшиёнаи режими палид ва кӯдаккуши саҳюистӣ дар Ғазза вокуниш нишон дод.

Ҳизбуллоҳи эълом кард: Он чи душмани саҳюнистӣ анҷом дод, таъкиди бар ҷанг ва куштори ҷамъӣ аст, ки алайҳи миллати Фаластин ба роҳи андохтааст ва гузинаи воқеии он қатл ва иртикоби кушторҳост.

Дар ин баёния омадааст: Баҳси оташбас ва таъйини мавъиди ҷадиди музокирот дурӯғ ва найранги беш нест, ки таъсире бар миллати Фаластин, гурӯҳҳои муқовимат ва ҷабҳаҳои пуштибонӣ аз Ғазза нахоҳад гузошт.

Ҳизбуллоҳи Лубнон баён кард: Мо ба шиддат ин куштори ҳавлнок ва ҷаҳшиёнаро дар мактаби Ат-Тобиинро маҳкум мекунем ва аз ҳамаи озодагони дунё мехоҳем, ки онро маҳкум кунанд ва алайҳи режими қотил ва ишғолгар ба по хоста ва эътироз кунанд ва бузургтарин кампайни ҳамбстагии муҷаддад бо кӯдакон, занон ва мардони фаластиние, ки дар маърази куштори шанеъ аз 10 моҳи қабл қарор доранд, ба роҳ андозанд. Мо зимни ибрози ҳамдардӣ бо миллати сабур, мазлум ва шуҷои Фаластин аз Худованд барои шуҳадо талаби раҳмат ва барои маҷрӯҳон талаби офият мекунем. Аз худованд барои миллати Фаластин талаби кушоиши фаврӣ ва пирӯзии қарибулвуқуъ талаб мекунем.

https://iqna.ir/00Hkhe

captcha