IQNA

Хатиби масҷиди Лондон хостори муқобила бо нажодпарастӣ алайҳи мусулмонон шуд

12:51 - August 11, 2024
рақами хабар: 1962
ИКНА - Имом ҷамоат ва хатиби масҷиди ҷомеъи Лондон ба думболи мавҷи физояндаи хушунат алайҳи мусулмонон дар Англис, хостори муқобила бо нажодпарастӣ шуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, мавҷи хушунат алайҳи мусулмонон дар Англис ба раҳбарии аҳзоби рости ифротие, ки намояндаи густариши исломҳаросӣ ва тадовуми душманӣ бо муҳоҷирон ҳастанд, ин рӯзҳо рӯ ба афзоиш аст.

Аз ин рӯ шайх Фоид Муҳаммадсаид, имом ҷамоат ва хатиби масҷиди ҷомеъи Лондон изҳор кард: Тарси мусулмонон аз исломҳаросӣ қобил дарк аст зеро ифротгароён натанҳо ба масоҷид, афрод ва маҳаллаҳо ҳамла карданд балки бо таҷовуз ба ҳарими амвот ва тахриб қубӯри мусулмонон поро фаротар гузоштаанд. 

Шайх Фоид Муҳаммад таъкид кард: Мусулмонони Англис бояд дар чорчуби ҷомеаи бузурги Биритониё, ки дар канори онҳо истодааст, фаъолият кунанд; Вай ҳамчунин хостори мубориза бо нажодпарастӣ ва густариши нафрат алайҳи мусулмонон шуд. 

Ёдоварӣ мешавад; Тазоҳуроти хушунатомез дар Англис аз ҳафтаи гузашта пас аз онки 3 духтар дар 29 июл дар Саутпорт дар шимоли ғарби Англис бо зарботи чоқу ба қатл расиданд оғоз шуд. Чаро, ки бархе расонаҳои ин кишвар бо ироаи иттилооти гумроҳкунанда эълом карданд, ки омили ин қатлҳо як мусулмони ифротӣ будааст.

Бар асоси оморҳои расмӣ, ҳудуди 4 миллион нафар, ки тақрибан 6 дарсади ҷамъияти Англисро ташкил медиҳанд, мусулмон ҳастанд. Аммо мусулмонон дар ин кишвар ба далели афзоиши исломҳаросӣ ҳамвора бо тарс ва ваҳшат зиндагӣ мекунанд.

https://iqna.ir/fa/news/4230990

captcha