Ба гузориши хабаргузории Фаластинии Сафо, таҷаммӯъи мардуми Тунис ба даъвати ҷамъияти «Ёрони Фаластин» дар ин кишвар баргузор шуд ва ширкат кунандагон бо сардодани шиорҳои чун «шамшер дар баробари шамшер», «мо мардони шумо ҳастем эй Синвор» аз интихоби Яҳё Синвор ба раҳбарии Ҳамос истиқбол карданд.
Муҳаммад Ал-Баширҳузрӣ, мудири иҷроии ҷамъияти Ёрони Фаластин дар Тунис гуфт: Мо ин таҷаммӯъро аз замони оғози амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо ба сурати ҳафтагӣ барои ҳимоят ва пуштибонӣ аз муқовимати исломии Фаластин дар Навори Ғазза баргузор мекунем.
Вай афзуд: Режимҳои арабӣ бидуни истисно бо сукути худ мустақиман аз наслкушӣ дар Ғазза ҳимоят мекунанд ва ин кор душмани саҳюнистиро ҷаритар кардааст.
Муҳаммад Ал-Баширҳузрӣ идома дод: эътилофҳое, ки дар Ғарб мебинем ба манзури омодагӣ барои ҷанги ҷаҳонӣ эҷод шуда ва ҷаҳони Араб сукут кардаанд. Дар ҳоле, ки арабҳо бештарин ҳазинаро дар ин ҷанг мутаҳаммил хоҳанд шуд.
Вай ҳушдор дод, ки Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ тасмим дорад неруҳои ғарбиро ба ин ҷанг кашонда ва ба наслкушии миллати Фаластин идома диҳад.
Мудири иҷроии ҷамъияти Ёрони Фаластин дар Тунис тасреҳ кард: интихоби Синвор иқдоми саҳеҳ буд зеро озодии Фаластин ҷуз бо муқовимат ва рӯёрӯии мустақим мумкин нахоҳад буд; Ва ин ҳамон эътиқоди Синвор аз ибтидо будааст. Зеро саҳюнистҳо наметавонанд бо музокира ва нишаст аз сарзамини Фаластин хориҷ шаванд.
Муҳаммад Ал-Баширҳузрӣ, дар поён зимни даъват ба ҳимоят аз муқовимати исломии Фаластин таъкид кард, ки ҳамбстагӣ бо муқовимат воҷиби шаръӣ, инсонӣ, ахлоқӣ ва динӣ аст. Зеро муқовимат танҳо аз Фаластин ва Ғазза дифоъ намекунад балки аз шарофати уммати арабӣ, ки лагадмол шудааст дифоъ мекунад. Муқовимат дар садади бозгардондани каромати миллатҳои Араб аст ва мо вазифа дорем бо ҳарчи дар ихтиёр дорем аз он ҳимоят кунем.