IQNA

Ҳамос: Шуҳадои мадрасаи Ал-Тобиин ҳамаи ғайринизомӣ ва аз мардуми оддӣ буданд

21:37 - August 11, 2024
рақами хабар: 1969
ИКНА - Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) эълом кард: ҳатто як фард мусаллаҳ дар миён шуҳадои ҳамлаи режими Исроил ба мадрасаи Ал-Тобиин дар Ғазза вуҷуд надорад ва ҳамаи ғайринизомӣ ҳастанд, ки ҳини иқомаи намози субҳ бомбаборон шуданд.

Ба гузориши Алҷазира, ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) бомдоди якшанбе изҳороти мақомоти режими саҳюнистӣ дар хусуси шуҳадои ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба мадрасаи Ал-Тобиин дар Ғаззаро кизб ва беасос хонд.

Ҳамос таъкид кард, ки ривояти режими саҳюнистӣ дар хусуси шуҳадои ҷинояти мадрасаи "Ал-Тобиин" дар маҳаллаи Ад-Дарҷ дар Ғазза, ки муддаӣ шуда ин афрод, аз аъзои неруҳои Ҳамос ва ҷиҳоди исломӣ буданд, дурӯғ, беасос ва гумроҳкунанда аст.

Ҳамос афзуд, ки ҳатто як фарди мусаллаҳ дар миёни шуҳадои ҳамла ба мадрасаи Ал-Тобиин дар Ғазза вуҷуд надорад ва ҳамаи ғайринизомӣ ҳастанд, ки ҳини иқомаи намози субҳ бомбаборон шуданд.

Ин гурӯҳи муқовимат иллати ин, ки Исроил эълом карда, ки ин ҳамла ба аъзои гурӯҳи Ҳамос ва ҷиҳоди исломӣ сурат гирифта, барои тавҷеҳи ҷинояти худ будааст.

Ин ҷунбиш ишора кард, ки шуҳадои ин ҷиноят кӯдакон, коркунони давлатӣ, асотиди донишгоҳ ва шахсиятҳои динӣ буданд ва ҳеҷ нақше дар фаъолиятҳои сиёсӣ ё низомӣ надоштаанд.

Режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар тозатарин ҷинояти худ дар Навори Ғазза, бо ҳамлаи ҳавоӣ ба як мадраса дар маҳаллаи Ал-Дарҷ шаҳри Ғазза, даҳҳо Фаластиниро дар дохили мусаллои ин масҷид ва ҳангоми иқомаи намози субҳ ба хок ва хун кашид. Ин ҷинояти ҷадиди режими хабиси саҳюнистӣ бо мавҷи маҳкумияти густурдаи кишварҳо ва ниҳодҳои исломӣ мувоҷеҳ шудааст.

https://iqna.ir/fa/news/4231128

captcha