Ба гузориши хабаргузории Алҷазира, сарони кишварҳои Англис, Фаронса ва Олмон бо интишори баёнияи муштарак бидуни ишораи мустақим ба ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар Ғазза эълом карданд, ки «ҷанг дар Ғазза фавран бояд поён ёбад ва ҳамаи гаравгонҳои (саҳюнистӣ) назди Ҳамос бояд озод шаванд ва кумакҳои инсонӣ фавран вориди Ғазза шавад.»
Сарони ин се кишвари аврупоӣ посухи интиқоми машрӯъи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҳизбуллоҳи Лубнон ба террор ва шаҳодати мақомоти аршади муқовимат дар Теҳрон ва берунро «ташдиди таниш» тавсиф карданд ва дар инбора навиштанд: Мо аз Эрон ва муттаҳидонаш мехоҳем аз анҷоми ҳамалоте, ки танишҳои минтақаиро ташдид мекунад, худдорӣ кунанд.
Дар ин баёния ҳеҷ ишорае ба иллати аслии тадовуми ҷанг дар Ғазза яъне кумакҳои сангини таслиҳотии Амрико ба режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ нашуда ва бо ин ҳол муддаӣ шуданд, ки «мо бо ҳамаи тарафҳо барои ҷилавгирӣ аз ташдиди таниш кор мекунем ва аз ҳеҷ талоше барои ором кардани авзоъ ва ёфтани роҳе барои сабот дар Ғазза дареғ намекунем.
Баёнияи сарони ин се кишвар ҳамчунин бидуни ишораи мустақим ба монеи аслии ирсоли кумакҳои башардӯстона ба мардуми ҷангзадаи Ғазза яъне режими саҳюнистӣ муддаӣ шуданд, ки «сокинони Ғазза ниёз ба таҳвил ва тавзеъи фаврии кумакҳои бидуни маҳдудият доранд.»
Мақомоти Англис, Фаронса ва Олмон таъкид карданд, ки «Мо аз баёнияи муштараки Қатар, Миср ва Иёлоти Муттаҳида, ки хостори азсаргирии фаврии музокирот (байни Ҳамос ва режими ғосиби саҳюнистӣ) шудааст ҳимоят мекунем.»
Бо афзоиши ҳарос ва нигаронии мақомоти режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ва амрикоӣ аз наҳваи амалиёти талофиҷуёнаи Эрон ва Ҳизбуллоҳи Лубнон алайҳи режими манҳуси саҳюнистӣ, дирӯз якшанбе ҳам Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, Эронро таҳдид кард ва гуфт «ин корро накун»
Байден ҳангоми саворшудан ба мошин дар посух ба хабарнигоре, ки аз ӯ пурсид «паёми шумо барои Эрон чист» гуфт: накун.
Раисҷумҳури Амрико авохири моҳи қабл ва пеш аз амалиёти бузурги "Ваъдаи Содиқ" Эрон алайҳи режими саҳюнистӣ низ аз ҳамин вожаи «накун» истифода кард.
Ба думболи афзоиши ҳароси Телавив аз посухи Эрон ба террори Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос дар Теҳрон, Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико ҳафтаи пеш низ муддаӣ шуд, ки умедвор аст Теҳрон аз посух худдорӣ кунад!
Исмоил Ҳания пас аз ҳузур дар маросими таҳлифи Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон дар маҳалли иқоматаш ҳадафи ҳамла қарор гирифт ва ба шаҳодат расид.
Террори мақоми аршади Ҳамос дар Теҳрон ва ҳамчунин «Фуод Шукр» фармондеҳи Ҳизбуллоҳ дар Зоҳияи ҷанубӣ, ҳароси режими саҳюнистӣ аз посухи Теҳрон ва муқовиматро афзоиш додааст. Дар ин байн, Ҷо Байден дар вокуниш ба пурсише дар бораи инки оё Эрон аз тасмимаш мабнӣ бар посух ва муҷозоти сахти Телавив сарфиназар мекунад, дар посухи кӯтоҳ муддаӣ шуд: «умедворам. Намедонам»!
Ҷон Болтон, мушовири асбақи амнияти миллии Амрико ба тозагӣ дар гуфтугӯ бо "Аш-Шарқул-Авсат" дар посух ба вокуниши эҳтимолии Эрон ба террори Исмоил Ҳания гуфт, ки вокуниши талофиҷуёнаи Теҳрон ҳамонтавр, ки раҳбари Эрон таъкид кардааст, бисёр сахт ва таъсиргузор хоҳад буд.
https://tajikpress.com/2024/08/12/