Ба гузориши ИКНА, чиҳилучаҳорумин давраи мусобиқоти байналмилалии ҳифз, тиловат ва тафсири Қуръони Карими кишвари Арабистон аз авохири ҳафтаи гузашта дар ҷавори Масҷидулҳаром оғоз шуда ва то 21 август идома хоҳад дошт.
Ин мусобиқот дар ду марҳалаи муқаддамотӣ ё ғерболгарӣ ва наҳоӣ баргузор мешавад. Рақобатҳои марҳалаи гузиниш аз панҷшанбе 8 август оғоз шуда ва то замони интишори ин хабар ҳанӯз навбат ба ду намояндаи кишвари Эрон барои иҷро дар ин марҳала нарсидааст.
Бахши ҳифзи мусобиқоти Қуръони кишвари Арабистон панҷ ришта дорад, ки шомили риштаҳои ҳифзи кулли Қуръон бо қироати ҳафтгона, риштаи ҳифзи кулли Қуръон ҳамроҳ бо тафсири муфрадот, риштаи ҳифзи кулли Қуръон ба равиши маъмул, риштаи ҳифзи 15 ҷузъи Қуръон ва риштаи ҳифзи панҷ ҷузъи Қуръони Карим аст.
Муҳаммадҳусайни Беҳзодфар дар риштаи ҳифзи кулли Қуръон ва Муҳаммадмаҳди Ризо дар риштаи ҳифзи 15 ҷузъ ду намояндаи кишвари Эрон дар ин мусобиқот ҳастанд.