Ба гузориши хабаргузории Овои Афғонистон, гурӯҳи террористии ДИИШ соате пас аз инфиҷори террористӣ дар минтақаи дашти Барчии Кобул, бо интишори як эъломия масъулияти ин ҳамларо пазируфтааст.
Пеш аз ин Холид Задрон, сухангӯи фармондеҳии амнияти Кобул гуфта буд, ки дар натиҷаи инфиҷори мини ҷосозишуда дар як мошини мусофирбарӣ дар минтақаи дашти Барчӣ дар ғарби Кобул, як нафар ба шаҳодат расида ва 11 тани дигар захмӣ шудаанд.
Задрон афзудааст, ки неруҳои амниятӣ билофосила ба маҳалли ҳодиса эъзом шуда ва таҳқиқот дар ин замина оғоз шудааст.
ДИИШ ҳудуди як моҳ пеш аз ин низ масъулияти инфиҷор бар як моторро дар минтақаи Кӯтаҳснагии шаҳри Кобул бар уҳда гирифта буд