IQNA

Фаъолшудани беш аз 40 дарсади мавкибҳои Ал-Мустафо дар масири Наҷаф то Карбало + акс

23:21 - August 13, 2024
рақами хабар: 1984
ИКНА - Масъули ситоди искони зоирони Ал-Мустафо Арбаини Ҳусайнӣ дар Ироқ аз фаъол шудани беш аз 30 дарсади мавкибҳои масири Наҷаф то Карбалои Малло хабар дод.

Ҳуҷҷатулислом Ҳасани Мусалламӣ, масъули ситоди искони зоирони Арбаини Ҳусайнии Ҷомеатул-Мустафо Ал-Оламия дар Ироқ дар гуфтугӯ бо хабарнигори ИКНА аз омодагии коргуруҳи ситоди искони зоирони Арбаини Ал-Мустафо барои мизбонӣ аз зоирони Сайидушшуҳадо (а) дар кишвари Ироқ хабар дод.

Вай афзуд: Тамоми корҳо бар тибқи барнома пеш меравад ва амокини искон омода шуда ва мубтанӣ бар дархостҳои гурӯҳӣ ва замони ҳузур, дар ихтиёри гурӯҳҳо қарор хоҳад гирифт.

Мусалламӣ бо баёни инки дархостҳои фардӣ ва хонаводагӣ ба гурӯҳҳо ирҷоъ дода мешавад, идома дод: ботаваҷҷуҳ ба иттилоърасониҳои суратгирифта, агар дархостҳои фардӣ ва хонаводагии мутаносиб бо замони ҳузури гурӯҳҳо набошад, рӯзи вуруди зоирон ба Наҷаф бар асоси истиқрори гурӯҳҳо ва корвонҳо, имкони истиқрори ишон интихоб мешавад.

Масъули искони зоирони Арбаини Ал-Мустафо дар Ироқ бо баёни инки барои искони зоирон дар Карбало ҳамоҳангиҳои лозим суратгирифтааст, изҳор кард: Агар корвонҳо зудтар аз мавъиди пиёдаравӣ, вориди Карбало шаванд, метавонанд дар маконҳои дар назаргирифта шуда искон дода шаванд.

Вай дар бахши дигаре аз суханони худ бо ишора ба афзоиши ҳаҷми ҳузури зуввори Арбаини Сайидушшуҳадо (а), бо баёни ин, ки талоши бархе аз зуввор барои анҷоми зиёрати пеш аз Арбаин шулуғии ҷадидеро дар бозаи замонии қабл аз Арбаин эҷод кардааст, афзуд: Гарчи токунун танҳо беш аз 30 то 40 дарсади мавкибҳои масири пиёдаравии Наҷаф то Карбало омодаи хидматрасонӣ ҳастанд, аммо зоирони эронӣ дар канори соири зуввор фароянди пиёдаравиро аз Наҷаф ба Карбало оғоз кардаанд.

Истиқрори ходимони Арбаини Ал-Мустафо дар Карбало ва Наҷаф 

Мусалламӣ бо баёни инки гурӯҳе аз ходимони ифтихории зоирони Арбаини Сайидушшаҳдо (а) бо ҳамоҳангии муовинати фарҳангии Ҷомеатул-Мустафо Ал-Оламия дар шаҳрҳои Карбалои Муалло ва Наҷафи Ашраф мустақар шудаанд, хотирнишон кард: Ҳузури ин азизон кумаккори намояндагии ҷҶомеатул-Мустафо Ал-Оламия дар баҳси таҷҳиз ва омодасозии амокин буда, фаъолияти арзишмандеро аз худ нишон дода, ва вуруди пурхайр ва баракате дорад.

میزبان طلاب المصطفی در کربلا و نجف هستیممیزبان طلاب المصطفی در کربلا و نجف هستیم

https://iqna.ir/fa/news/4231498

captcha