Режими кӯдаккуш ва ҷинояткори саҳюнистӣ шанбе ҳафтаи гузашта дар ҳангоми намози субҳ бо бомбаборони мактаби Ат-Тобиин дар маркази Навори Ғазза мӯҷиби шаҳодати беш аз 100 тан аз оворагон ва маҷрӯҳияти даҳҳо фаластинии дигар шуд. Бо эъломи муқовимати Ҳамос ҳатто як низомӣ ҳам дар миёни шуҳадо вуҷуд надорад.
Артиши ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил борҳо ба баҳонаи ҳузури низомиён, ба мактабҳо, бемористонҳо ва сохтумонҳои маскунӣ ҳамла кардааст, бо ин вуҷуд дар бештари маворид ҳеҷгоҳ мадраке мабнӣ бар корбарии низомии онҳо ироа надодааст.
Бомбаборони мактаби Ат-Тобиин хашми ҷомеаи ҷаҳониро барангехт ва бисёре аз кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ ин ҳамалотро ба шиддат маҳкум карданд.
Ин ҳамла аз ҷумла маргбортарин ҷиноёти режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ дар Навори Ғазза аст; Бо ин вуҷуд дар тӯли ҷанги Ғазза артиши Исроил борҳо мактабҳои кӯдакони Фаластиниро ҳадаф қарор додааст. Шабакаи хабарии Алҷазира дар гузорише ба баррасии ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба мактабҳои Навори Ғазза пардохтааст.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, ки артиши палид ва ҷинояткори Исроил аз оғози ҷанги Ғазза чандин бор дастури тахлияи шаҳрҳо ва манотиқи маскуниро содир кардааст, қариб ба 2 миллион фаластинӣ маҷбӯр ба тарки хонаҳои худ шудаанд, ки мактабҳо аз ҷумла паноҳгоҳҳои ин оворагон маҳсуб мешавад.
Бар асоси конвенсияи Женева мактабҳо ҷузви созаҳои ғайринизомӣ ҳастанд, ки набояд дар манотиқи ҷангӣ мавриди ҳамла қарор бигиранд. Бо ин вуҷуд танҳо дар даҳ рӯзи нахусти моҳи август артиши ҷинояткори Исроил 5 мактаби мухталифро ҳадаф қарор додааст ва беш аз 180 Фаластиниро ба шаҳодат расондааст.
Ҳамла ба як мактаб дар маҳаллаи шуҷоъия бо 15 шаҳид, куштор дар мактабе дар шайхи Ризвон бо 17 шаҳид, таҳоҷум ба мактаб дар маҳаллаи наср бо 30 кушта ва мушакборони мактаби Ат-Тобиин бо беш аз 100 шаҳид ҳамагӣ танҳо дар даҳаи аввали моҳи август рух доданд.
Дар моҳи гузаштаи мелодӣ низ аз 6 июл то нӯҳум ин моҳ ва танҳо дар 4 рӯз ба чаҳор мактаби мухталиф дар Навори Ғазза ҳамла шуд, ки болиғ бар 50 фаластинӣ дар ин ҳамалот шаҳид шуданд.
Ба гузориши Алҷазира болиғ бар 85 дарсад мактабҳо дар Ғазза тахриб шуданд ва ё дар ҳамалоти артиши Исроил осеб диданд. Тақрибан тамоми мактабҳо дар шимоли Навори Ғазза ва беш аз 90 дарсади мактабҳо дар шаҳри Ғазза ҳадаф қарор гирифта шуданд.
Тибқи омори сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) то 6 июл ва пеш аз ҳамалоти мазкур, 564 мактаб дар Навори Ғазза дар ҳамалоти артиши Исроил ҳадаф қарор гирифта шуданд ва ё осеб диданд.
95 мактаб дар шимоли Навори Ғазза, 208 маврид дар шаҳри Ғазза, 70 сохтумони омӯзиши дар Дарулбалаҳ (, ки дар ҳафтаҳои ахир ба унвони минтақаи амн муаррифӣ шуда буд), 125 мактаб дар Хон Юунс ва 66 мактаби дигар дар Рафаҳ дар ҳамалоти артиши Исроил тахриб шуданд ва ё осеб диданд.
Илова бар ин, тибқи омори ЮНИСЕФ аз ноябри сол гузаштаи мелодӣ, шоҳиди афзоиши қобили таваҷҷуҳи ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба мактабҳо будем, ки маҳалли искони оворагони фаластинӣ ҳастанд.
Бар асоси ин омор, ҳамалоти мустақим ба мактабҳо аз тирамоҳи соли гузашта ба баъд панҷ баробар бештар шуда ва теъдоди ҳамалот ба мактабҳо аз 60 маврид ба 340 бор афзоиш ёфтааст.
Ҳамалот ба паноҳгоҳҳои оворагон ба вижа мактабҳо дар ҳоле афзоиш ёфтааст, ки фишори ҷомеаи ҷаҳонӣ ба режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ба манзури пазириши тавофуқи оташбас рӯз ба рӯз бештар мешавад. Бархе аз коршиносон мӯътақиданд, ки режими саҳюнистӣ ба манзури эҷоди ихлол дар музокироти оташбас, бомбаборони мактабҳоро афзоиш додааст.
Коршиноси Алҷазира дар робта бо афзоиши ҳамалот ба мактабҳо изҳор дошт, ки артиши ғосиб ва ситамкори Исроил дар озодсозии гаравгонҳо ва ҳамчунин дар ворид кардани зарбаи маргбор ба Ҳамос шикаст хӯрдааст.
Ториқ Кени Шава, дар ин бора ташреҳ кард, ки режими ҷинояткори саҳюнистӣ ва артиши ситамкори Исроил ин гуна ҳамалоти саҳмгинро, агар мунҷар ба кушта шудани раҳбарони Ҳамос ва ё теъдоди зиёде аз ғайринизомиёни фаластинӣ шавад, як пирӯзӣ барои худ медонанд, зеро, ки ҷузве аз стратегияи «эҷоди боздорандагӣ ба василаи тахриби бесобиқа» маҳсуб мешавад.
Ба иборати дигар Ториқ Кени Шава баён кард, ки режими кӯдаккуш ва ҷинояткори саҳюнистӣ мӯътақид аст куштори теъдоди зиёди ғайринизомиён ва тахрибҳои густурда метавонад боиси ҳароси фаластиниён ва дар натиҷа адами муқобила ва мухолифати онон бо иқдомоти Исроил шавад.
Аз оғози ҷанги Навори Ғазза ҳудуди 40 ҳазор нафар дар ҳамалоти артиши ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил шаҳид шуданд, ки аз ин миён беш аз 16 ҳазор ва 500 нафар кӯдак ҳастанд.
https://tajikpress.com/2024/08/14/