Истифода аз аъдод дар ҳамаи шъуни зиндагӣ ва риштаҳои илмӣ мавриди таваҷҷуҳ аст ва ба вижа дар давраи кунунӣ, ки аъдод ба масобаи додаҳои хирад мавриди таваҷҷуҳи бисёре аз донишмандон қарор гирифтааст.
Қуръони Карим низ дар оёти бисёре бо зикри аъдод, таваҷҷуҳи инсонро ба шумориш ва ҳисоб ҷалб кардааст: «وَإِنَّ یوْمًا عِنْدَ رَبِّک کأَلْفِ سَنَةٍ مِمَّا تَعُدُّونَ» (сураи Ҳаҷ/22, 47); Ҳамчунин инсонро мутаваҷҷеҳи аносири замон карда, ки бо муҳосиба ба соатҳо, айём, моҳҳо ва солҳо мунтаҳӣ мешавад: «هُوَ الَّذِی جَعَلَ الشَّمْسَ ضِیاءً وَالْقَمَرَ نُورًا وَقَدَّرَهُ مَنَازِلَ لِتَعْلَمُوا عَدَدَ السِّنِینَ وَالْحِسَابَ» (сураи Юнус/10, 5) Таърих, мубтанӣ бар гардиши моҳ ва хуршед табиӣ ва ҳамагонӣ аст.
Аъдоде, ки дар Қуръон зикр шуда шомили 30 адади саҳеҳ аст, ки баъзе аз онҳо борҳо такрор шуда ва бо эҳтисоби адади 950, ки ба таври зимнӣ аз он ёд шуда: «فَلَبِثَ فِیهِمْ أَلْفَ سَنَةٍ إِلَّا خَمْسِینَ عَامًا» (сураи Анкабут/14, 29), 31 адади саҳеҳ ва 8 адади касрӣ аст.
Аъдоде, ки дар маҷмӯаи оёт ва ривояот ба кор бурда мешаванд, ду гуна ҳастанд; Дастаи аввал, аъдоди рамздор ва дастаи дувум бидуни рамз. Аъдоди бидуни рамз барои мисол дар мавоқеи аст, ки мефармояд намозро бояд дар чанд навбат ва ҳар кадом дар чанд ракъат бихонед ё теъдоди навофли чанд ракъат бошад; Таъбири хамса дар ояти «وَاعْلَمُوا أَنَّمَا غَنِمْتُمْ مِنْ شَيْءٍ فَأَنَّ لِلَّهِ خُمُسَهُ» ба маънои адади як панҷум аст.
Аммо бархе аъдод дар бархе оёт монанди адади 5, 7, 14 ва 40 рамз ва румуз доранд; Барои мисол дар сураи тавба мехонем: «اسْتَغْفِرْ لَهُمْ أَوْ لَا تَسْتَغْفِرْ لَهُمْ إِنْ تَسْتَغْفِرْ لَهُمْ سَبْعِينَ مَرَّةً فَلَنْ يَغْفِرَ اللَّهُ لَهُمْ» (Тавба: 80); Яъне эй Паёмбар (с) агар ту 70 бор барои мушрикин истиғфор кунӣ фоидае надорад ва омурзида намешванд; Дар инҷо ҳам адади 70 мадди назар нест, балки нишонаи касрат аст.
Инки кадом адад рамз дорад ё надорад бояд онро аз оёт ва ривояот ҷустуҷӯ кард; Барои мисол адади ҳафт ҳам дар иртибот бо осмони ҳафтгона «الَّذِي خَلَقَ سَبْعَ سَمَاوَاتٍ طِبَاقًا» (Мулк/3) баён шуда ва ҳам дар иртибот бо ҳафт давр тавоф даври хонаи Худо ё ҳафт мартаба саъйи Сафо ва Марва.