Сафири Тоҷикистон дар Эрон гуфт: Лағви раводиди як моҳаи гардишгарӣ бар асоси тафоҳумнома миёни шаҳиди Оятуллоҳ Раисӣ ва Эмомалӣ Раҳмон ба тақвияти гардишгарӣ ва иртиботот миёни ду кишвар меанҷомад.

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрони рӯзи ҷумъа дар дидор бо Алиризо Қосимифарзод, раиси вилояти Ҳамадон, изҳор кард: Бо тавваҷуҳи вижа ба хоҳархондагии ду шаҳри Ҳамадону Кулоб равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ ва гардишгарӣ, тасҳил ва тақвият хоҳад шуд.
Зоҳидӣ бо таъкид бар зарурати тақвияти мубодилоти тиҷорӣ миёни ду кишвар гуфт: Табодулоти тиҷории Эрону Тоҷикистон дар соли 1402 шамсии хуршедӣ ба 270 миллион доллар расида буд ва густариши ҳамкориҳои муштарак миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳдофи тавсеаи Душанбе аст.
Сафири Тоҷикистон дар Эрон афзуд: Забон, фарҳанг ва дини муштарак бистари бисёр муассире дар ҳамкориҳои мухталифи ду кишвар буда ва дар ин байн зарфиятҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва тиҷории вилояти Ҳамадон ба вижа сабти ҷаҳонии Ҳигматона заминаи ҳамкориҳои бисёр хуберо байни ин кишварҳо фароҳам кардааст.
Вай изофа кард: Заминаҳои иқтисодӣ, санъатӣ ва кишоварзии бисёре барои иртибототи қавитару мустаҳкамтар барои ҳамкориҳои муштарак вуҷуд дорад ва дидор бо раиси вилояти Ҳамадон оғозе дар масири ҳамкориҳои густарда хоҳад буд.
Зоҳидӣ гуфт: Истифода аз мутахассисони ҳамадонӣ барои табодули таҷрибиёт бо ҳамтоёни тоҷикистонӣ, иртиботи утоқҳои бозаргонӣ ва тавсеаи гардишгарӣ аз мавзуъҳои мавриди баҳс дар ин ҷаласааст.
tajikpress.com