IQNA

10:20 - August 18, 2024
рақами хабар: 1993

Ал-Азҳар ҳамалот ба мусулмонон ва масоҷид дар Англияро маҳкум кард

Ниҳоди Ал-Азҳар аз амалкарди гуруҳҳои ростиифротӣ дар Англия ва иқдомоти хушунатомези онҳо алайҳи мусулмонон ва масоҷиди ин кишвар интиқод кард.

Ал-Азҳар ҳамалот ба мусулмонон ва масоҷид дар Англияро маҳкум кард

 Ал-Азҳар ҳамалот ба мусулмонон ва масоҷид дар Англияро маҳкум кардБа гузориши Икно, пас аз интишори ахбори нодуруст дар мавриди ҳувияти омили ҷинояти Саутпорти Англия дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва тарҳи иддаои нодуруст дар мавриди инки омили ин ҷиноят як муҳоҷири мусулмон будааст, гуруҳҳои ростиифротӣ дар Англия ҳамалоти худ алайҳи мусулмонон ва масоҷиди ин кишварро оғоз карданд, ки ин амр бо вокуниши Ал-Азҳар мувоҷеҳ шуд ва ин ниҳод иқдомоти суратгирифта алайҳи мусулмонон ва масоҷидро маҳкум кард.
Ал-Азҳар бо ҳушдор нисбат ба лузуми муқобилаи қотеъона бо ин иқдомот, ки ҳадафи он барангехтани нафрат нисбат ба мусулмонони Англия ва густариши руъбу ваҳшат дар миёни гуруҳе аз шаҳрвандони Англия аст, бар лузуми ҳифозат аз мусулмонон дар баробари ҳамалоти ин ҷараёни хатарнок, ки ба дунболи густариши нооромӣ аст, таъкид кард ва хостори иҷрои қонуни бидуни тафовут ва табъиз, дар мавриди ҳамагон шуд.
Ал-Азҳари Миср ҳамчунин аз мавзеи давлати Англия ва суханоне, нахуствазири Англис ва вазири кишвари Англис, дар хусуси итминонбахшидан ба мусулмонон ва тааҳҳуди онҳо ба ҳифозат аз мусулмонон қадрдонӣ кард.
4231979

captcha