Арбаин дар Қуръони Карим ҳам дар такмили Миқоти чиҳилрӯзаи ҳазрати Мусо (а) бо Худованд омааст ва ҳам дар саргардонии 40-солаи қавми Бани Исроил зикр шудааст.
Вожаи Арбаин ба маънои 40 дар Қуръон 4 маротиба ба кор рафтааст, ки 3 маротибаи он дар иртибот бо Бани Исроил аст. Ояти нахуст дар бораи мулоқоти хусусии ҳазрати Мусо (а) ва Худованди Мутаол чиҳил шаб буд. Қуръони Карим дар сураи муборакаи Бақара, ояти 51 фармудааст:
«وَإِذْ وَاعَدْنَا مُوسَى أَرْبَعِينَ لَيْلَةً ثُمَّ اتَّخَذْتُمُ الْعِجْلَ مِنْ بَعْدِهِ وَأَنْتُمْ ظَالِمُونَ»
Дар сураи Аъроф, ояти 142 аммо баён намуда, ки ибтидо 30 шаб дар кӯҳи Тур, барои нузули Таврот ва оятҳои илоҳӣ ваъда гузоштем, вале баъд онро бо афзудани 10 шаб комил кардем:
«وَوَاعَدْنَا مُوسَى ثَلَاثِينَ لَيْلَةً وَأَتْمَمْنَاهَا بِعَشْرٍ فَتَمَّ مِيقَاتُ رَبِّهِ أَرْبَعِينَ لَيْلَةً وَقَالَ مُوسَى لِأَخِيهِ هَارُونَ اخْلُفْنِي فِي قَوْمِي وَأَصْلِحْ وَلَا تَتَّبِعْ سَبِيلَ الْمُفْسِدِينَ»
Иборати:
«وَأَتْمَمْنَاهَا بِعَشْرٍ فَتَمَّ مِيقَاتُ رَبِّهِ أَرْبَعِينَ لَيْلَةً»
Ба маънои ба чиҳил шаб такмил шуданаст. Ин масаъларо мерасонад ки ибодат дар чиҳил шаб тамом, осори хосе ба дунбол дорад.
Албата адади чиҳил дар иртибот бо азоби илоҳӣ низ матраҳ шудааст; барои мисол дар замони ҳазрати Нӯҳ (а), барои азоби куффор, чиҳил рӯз борон борид ё чиҳил рӯз пазируфта нашудани аъмол аз ҷумла намоз, пайомади баъзе гуноҳон аст.
Дар сураи Моида, ояти 26 низ омадааст, ки Бани Исроил муртакиби фисқу фуҷур ва гуноҳ шуданд барои инки пок шаванд ва шойистагӣ пайдо кунанд, ки ба арзи муқаддас роҳ ёбанд, 40 сол ҳайрону саргардон буданд:
«قَالَ فَإِنَّهَا مُحَرَّمَةٌ عَلَيْهِمْ أَرْبَعِينَ سَنَةً يَتِيهُونَ فِي الْأَرْضِ فَلَا تَأْسَ عَلَى الْقَوْمِ الْفَاسِقِينَ»
Дар ҳақиқат 40 сол дар он сарзамин саргардон буданд то каффораи гуноҳашонро дода бошанд.