Вожаи “Арбаин” адад аст, аммо дар бисёре аз матнҳои динӣ ва ривоӣ ба вижа ирфони исломӣ дар иртибот бо маънавият ва сайри ботинии инсон матраҳ мешавад.
Арбаин, адади осмоние аст, ки корбурдҳои он дар оятҳов ва ривоятҳо нишон медиҳад рамзу розҳои фаровоне дар он ҷойгир аст. Анбиё ва авлиёи илоҳӣ ҳамвора суннати Арбаинро гиромӣ дошта ва осори бисёре бо мафҳуми Арбаин аз худ ба ҷо гузоштаанд.
Дар ҳақиқат вожаи “Арбаин” гарчанде, ки аз аъдод аст, дар ирфони исломӣ дар иртибот бо рушди маънавӣ матраҳ мешавад ва ривоятҳое, ки дар бораи Арбаин ва ва чиҳилрӯзаҳо ворид шуда, бештар ба сайри ботинӣ ва таолии рӯҳӣ тавваҷуҳ дорад. Ғолиби анбиёи илоҳӣ, аз ҷумла ҳазрати Муҳаммад (с) дар сини чиҳил солагӣ ба паёмбарӣ интихоб шуданд. Шояд сабабаш он бошад, ки инсон то чиҳил солагӣ заминаи камоли рӯҳӣ ва маънавӣ дорад, аммо пас аз он душвор мешавад.
Чаҳорумин корбурди Арбаин (ду маврид ишора ба миқоти ҳазрати Мусо (а) дар ояти 51 сураи Бақара ва як маврид дар заминаи саргардонии чиҳилсолаи қавми Бани Исроил ояти 26 сураи Моида аст) дар сураи Аҳқоф, ояти 15 дар заминаи рушди инсон омадааст:
«وَوَصَّيْنَا الْإِنْسَانَ بِوَالِدَيْهِ إِحْسَانًا حَمَلَتْهُ أُمُّهُ كُرْهًا وَوَضَعَتْهُ كُرْهًا وَحَمْلُهُ وَفِصَالُهُ ثَلَاثُونَ شَهْرًا حَتَّى إِذَا بَلَغَ أَشُدَّهُ وَبَلَغَ أَرْبَعِينَ سَنَةً»
Дар ин оят мароҳили рушди инсон аз даврони ҷанин, ширхорагӣ то расидан ба чиҳилсолагӣ матраҳ шудааст. Таъбир ба 40-солагӣ бо таъбири «بَلَغَ أَشُدَّهُ وَ بَلَغَ أَرْبَعِينَ سَنَةً» нишон медиҳад, ки ин син нуқтаи камоли ақлу қуллаи тавонмандӣ ва рушди инсон аст.
Аз паёмбари Акрам (с) нақл шуда, ки фармуд: «مَنْ أَخْلَصَ لِلَّهِ أَرْبَعِينَ يَوْماً فَجَّرَ اللَّهُ يَنَابِيعَ الْحِكْمَةِ مِنْ قَلْبِهِ عَلَى لِسَانِه». Қалб дар маънои ҳувият ва нафси нотиқа инсон аст; яъне касе ки чиҳил рӯз худ ва ҳамаи корҳояш (ҳатто корҳои мубоҳ)-ро барои Худованд холис кунад, Худои мутаол сарчашмаҳои ҳикматро аз қалб ба забони ӯ ҷорӣ мекунад; яъне ин сулуки мухлисона дар чиҳил шабонарӯз дар қалби фард таъсир гузошта ва сабаби дарку фаҳми маорифи ботинӣ мешавад.