IQNA

13:20 - August 21, 2024
рақами хабар: 2004

Исроил як мактаби дигари Ғаззаро бомбаборон кард

Созмони дифои шаҳрӣ дар Навори Ғазза аз ҳадаф қарор додани Мактаби “Мустафо Ҳофиз”, воқеъ дар ғарби шаҳри Ғазза ва шаҳодати беш аз 20 тан дар натиҷаи он хабар дод.

Исроил як мактаби дигари Ғаззаро бомбаборон кард

Созмони дифои шаҳрӣ дар Навори Ғазза эълом кард, дар натиҷаи ҳадаф қарор додани мактаби Мустафо Ҳофиз дар ғарби шаҳри Ғазза беш аз 20 тан шаҳид шуданд.Бар асоси гузоришҳо, ин ниҳоди фаластинӣ ҳамчунин эълом кард, ки артиши режими саҳюнистӣ мактаби Мустафо Ҳофизро бомбаборон карда, ки беш аз 700 овора дар ғарби шаҳри Ғаззаро дар худ ҷой додааст.
Созмони дифои шаҳрӣ дар Ғазза ҳамчунин эълом кард, артиши режими ишғолгар тайи давраи ахир 9 мактабро ҳадафи бомбаборони худ қарор дода, ки садҳо овораи фаластинии ғаззаро дар худ ҷой додаанд.
Дар ҷараёни ҷинояти хунини низомиёни Исроил дар ин мактаб як хабарнигори фаластинии дигар ҳам ба шаҳодат расидааст.
Тайи 319 рӯз ҷанг дар Ғазза, режими саҳюнистӣ 170 хабарнигорро ба шаҳодат расондааст.
Кумитаҳои муқовимати Фаластин эълом карданд, ҳамдастии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва сиёсати давлати Амрико дар ҳимоят аз наслкушии режими саҳюнистӣ ва сарпӯш гузоштан бар он, масоиле ҳастанд ки ин режим ва сарони ҷинояткори онро ба идомаи ҷиноятҳо ва кушторҳои бештар тарғиб мекунад.

tajikpress.com

captcha