IQNA

321 рӯз ҷанг; теъдоди шаҳидони Ғазза ба 40 ҳазору 265 нафар расид

18:08 - August 22, 2024
рақами хабар: 2005
Вазорати беҳдошти Фаластин дар Ғазза, имрӯз панҷшанбе эълом кард, ки ҷиноёти Исроил тайи 24 соати ахир муҷиби шаҳодат ва маҷрӯҳияти 200 фаластинии дигар шудааст.
321 рӯз ҷанг; теъдоди шаҳидони Ғазза ба 40 ҳазору 265 нафар расид

Вазорати беҳдошти Фаластин дар Ғазза эълом кард, ки режими саҳюнистӣ тайи 24 соати ахир муртакиби 4 ҷинояти ҷадид шуда, ки тайи он 42 нафар шаҳид ва 163 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Ҳануз шумори зиёде аз қурбониён дар зери овор ҳастанд ва имкони имдодрасонӣ ба онҳо вуҷуд надорад.

Ба ин тартиб шумори қурбониёни ин ҷанг, ки 321 рӯз аз оғози он мегузарад ба 40 ҳазору 265 нафар ва шумори маҷрӯҳон ба 93 ҳазору 144 нафар расидааст.

Бештари ҳамалоти имрӯзи режими саҳюнистӣ дар урдугоҳи Нусейрот, Байти лоҳиё ва урдугоҳи Ал-мағозӣ Ҳайюззайтун дар Ғазза будааст.

captcha