Владимир Путин дар боздид аз масҷиди ҳазрати Исо (а) дар Чечен, як нусха аз Қуръони Каримро, ки бо тилло тазъин шуда, ба масҷид ҳадя дод ва ин китоби осмониро бусид.
Ба гузориши икно ба нақл аз Спутник, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия шомгоҳи сешанбе дар сафари аз пеш эълом нашудае вориди минтақаи худмухтори Чечен шуд ва бо Рамазон Қадиров, раҳбари Чечен дидор ва аз манотиқе дар ин кишвар боздид кард.
Владимир Путин, дар ин сафар аз масҷиди ҳазрати Исо (а) дар шаҳри Грознии ин кишвар боздид кард.
Раисҷумҳури Русия дар ин боздид як нусха аз Қуръони Каримро, ки бо тилло тазъин шуда, ба масҷиди ҳазрати Исо (а), ки ахиран дар Грозни сохта шуда ҳадя дод.
Путин қабл аз ин ки Қуръонро дар оғӯш бигирад ва бо Қадиров ва муфтии Чечен акси ёдгорӣ бигирад, онро бусид.
Путин пештар ба ҳамроҳи Рамазон Қадиров, раисҷумҳури минтақаи худмухтори Чечен аз неруҳои ин минтақа, ки худро барои ҷанг дар Украина муҳайё мекунанд низ боздид кард.
Ин нахустин сафари Путин ба ин минтақаи воқеъ дар Қафқози Шимолӣ аз соли 2011 токунун маҳсуб мешавад. Сафари ғофилгиркунандаи Путин ба Чечен дар буҳбуҳаи талоши Маскав барои берун рондани неруҳои Украина аз минтақаи Курск анҷом шудааст; ҳамлае ки бузургтарин таҷовуз ба хоки Русия аз ҷанги ҷаҳонии дувум токунун ба шумор меравад.
Сохти масҷиди ҳазрати Исо (а) дар июни 2020 оғоз шуд. Ин бино ба сабки меъмории Осиёи Марказӣ, авоили ҳазораи дувум тарроҳӣ шуда аст.