IQNA

14:51 - August 25, 2024
рақами хабар: 2012

Арбаин; бузургтарин ҷамъомади солона

Арбаин ба маънои 40-ум,ба маросими чиҳилумин рӯзи шаҳодати Ҳусейн ибни Алӣ (р) мегӯянд, ки дар 20-уми моҳи сафар ва 40 рӯз пас аз Ошуро, дар кишвари Ироқ баргузор мешавад.

Арбаин; бузургтарин ҷамъомади солона

ба 40 рӯзагии шаҳодати Ҳусейн ибни Алӣ (р), набераи Паёмбари Акрам (с) ва фарзанди Алӣ ва Фотима (р), арабҳо Арбаин яъне ҳамон чиҳилум мегӯянд.Ҳусейн ибни Алӣ ва 71 нафар аз ёронаш дар рӯзи 10-уми муҳаррами соли 61 ҳиҷрии қамарӣ дар дашти Карбало тавассути лашкари Убайдуллоҳ ибни Зиёд ба шаҳодат расиданд.
Имрӯза ҷамъияти зиёде аз кишварҳои мухталиф 10 рӯз монда то Арбаин ба самти Карбало ҳаракат мекунанд то дар бузургтарин маросими пиёдаравии мусоламатомези ҷаҳон ва зиёрати Ҳусайн ибни алӣ (р) иштирок кунанд, тибқи оморҳо дар бархе солҳо теъдоди иштирокчиён дар ин маросим ба беш аз 45 миллион нафар мерасад. Ин теъдод дар давоми 10 рӯз вориди Карбало шуда ва пас аз зиёрат хориҷ шудаанд.
Миллионҳо нафар дар арафаи Арбаин, масири Наҷаф-Карбалоро дар ҳудуди 3 рӯз бо пиёдаравӣ тай мекунанд ва истгоҳҳои пазироӣ ва истироҳат аз ширкаткунандагон дар ин маросим истиқбол мекунанд.
Бештари зоирони ғайри ироқӣ, масири Наҷаф ба Карбалоро, ки 80 километр аст, дар муддати 3 рӯз пиёдаравӣ карда ва бо роҳпаймоии мусоламатомез тай мекунанд.
Рӯзи Арбаини имсол баробар аст бо рӯзи якшанбе 25-уми августи 2024, ки пешбинӣ мешавад миллионҳо нафар аз кишварҳо ва адёни мухталиф дар ҳимоят аз мардуми зулмдидаи Ғазза, бо парчами Фаластин дар ин маросим иштирок кунанд.
 tajikpress

captcha