IQNA

Сайидҳасан Насруллоҳ: амалиётамонро амалиёти “Рӯзи Арбаин” номгузорӣ кардем

13:10 - August 26, 2024
рақами хабар: 2015
Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар суханоне эълон кард, ки амалиёти бомдоди рӯзи якшанбе алайҳи душмани исроилиро амалиёти «Явм-ул-Арбаин» ном гузоштаем.

Сайидҳасан Насруллоҳ: амалиётамонро амалиёти “Рӯзи Арбаин” номгузорӣ кардемДабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар суханоне эълон кард, ки амалиёти бомдоди рӯзи якшанбе алайҳи душмани исроилиро амалиёти «Явм-ул-Арбаин» ном гузоштаем.
Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар оғози суханронии худ эълон кард, ки Арбаини Имом Ҳусайн(а) намод ҷонфишонӣ ва мухолифат бо зулм ва таслим шудан аст.
Насруллоҳ бо баёни инки амалиёти Ҳизбуллоҳи Лубнон алайҳи режими саҳюнистиро амалиёти рӯзи Арбаин номидем, илова кард: мо аз рӯзи нахусти шаҳодати Сайид Муҳсин омодаи посух будем, аммо дар гузашта эълон кардем, ки посух бахше аз муҷозот аст ва мо ба замон ниёз доштем, то баррасӣ кунем меҳвари муқовимат ба сурати куллӣ посух хоҳад дод ё ҳар ҷабҳа ба танҳоӣ посух медиҳад ва мо барои додани фурсат ҷиҳати музокирот сабр кардем, чароки ҳадафи мо мутаваққиф сохтани таҷовузҳо ба Ғазза будааст.
Насруллоҳ бо ишора ба инки режими саҳюнистӣ чанд ҳафта қабл ба Зоҳияи Ҷанубии Бейрут ҳамла кард, ки ин ба маънои зери по гузоштани тамоми хатти қирмизҳо буд, гуфт: ин душмани исроилӣ буд, ки боиси ташдиди таниши рӯйдода дар ҷабҳаи ҷанубӣ шуд.
Сайидҳасан Насруллоҳ гуфт: аҷала ва шитоб барои посух ба террори Фуод Шикар метавонист боис шавад амалиёт шикаст бихӯрад. Дар натиҷаи ройзаниҳо, мо тасмим гирифтем, ки ба сурати инфиродӣ даст ба амалиётамон бизанем, он ҳам бино бар масоиле, ки бо гузари замон мушаххас хоҳад шуд.
Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар ин бора изофа кард: пас тасмим гирифтем, ки посух ба як ҳадафи низомӣ бошад ва бо амалиёти террори Фуод Шикар низ иртибот дошта бошад, мо як ҳадафи асосиро барои амалиёт дар умқи Исроил таъйин кардем, ки он пойгоҳи Гилилут буд. Пойгоҳ Гилилут мутааллиқ ба Созмони иттилооти низомии Исроил ва бахши низомии 8200 аст, ки дар наздикии Телавив қарор дорад.
Сайидҳасан Насруллоҳ гуфт: пойгоҳи Гилилут 110 километр аз марзҳои Лубнон фосила дорад ва фосилааш аз марзҳои шаҳри Телавив 1500 метр аст. Ҳадафи мо пойгоҳи иттилоотӣ-низомӣ дар Гилилут ва ҳадаф қарор додани теъдоде аз пойгоҳҳо ва подагонҳо дар Ал-Ҷалил ва Ҷавлон буд.
Вай илова кард: мо тасмим гирифтем пойгоҳҳо ва подагонҳо дар Ал-Ҷалил ва Ҷавлонро бо мушакҳои Катюша ҳадаф қарор диҳем. Тасмим ин буд, ки 300 мушаки Катюша барои машғул кардани Гунбади Оҳанин барои чанд дақиқа шиллик шавад, то паҳподҳо убур кунанд.
Сайидҳасан Насруллоҳ гуфт: мо 340 мушаки Катюша ба пойгоҳҳо ва подагонҳои Исроил шиллик кардем. Мо барои нахустин бор паҳподҳоро аз минтақаи Ал-Биқоъ шиллик кардем.
Вай афзуд: тамоми паҳподҳое, ки аз Ал-Биқоъ шиллик шуд, ба саломат аз марзҳои Лубнон ва Фаластин ба самти аҳдофи мушаххасшуда убур кард.
Ба гуфтаи дабири кулли Ҳизбуллоҳ ҳадафи низомии вижае, ки мо онро мавриди ҳадаф қарор додем, пойгоҳи иттилооти низомии 8200 дар наздикии Телавив буд.
Вай афзуд: гуфтем, ки посухи имрӯзи мо як посухи аввалия буд ва агар натиҷаи амалиёт барои мо кофӣ набошад, мо тасмим хоҳем гирифт, ки дар оянда чӣ кунем. Дар марҳалаи кунунӣ, Лубнон метавонад осудахотир бошад ва душман низ эълон кард ончи, ки имрӯз рух дод, поён ёфтааст.
Сайидҳасан Насруллоҳ гуфт: мо натиҷаи пинҳонкориҳои душман дар хусуси ончиро дар ду пойгоҳ ба хусус дар Гилилут рух дод, думбол хоҳем кард.
Вай таъкид кард: агар натиҷа барои мо ризоятбахш бошад ва ҳадафи матлубро бароварда карда бошад, мо ингуна дар назар хоҳем гирифт, ки амалиёти посух, поён ёфтааст.
Сайидҳасан Насруллоҳ гуфт: агар натиҷа кофӣ набошад, мо ҳаққи посухро то замоне дигар барои худ маҳфуз медонем. Амалиёти имрӯзи мо мумкин аст барои тарафҳои фаластинӣ ва арабӣ дар музокирот бисёр муфид бошад ва паёми он барои душман ва амрикоиҳо возеҳ ва шаффоф аст.
Вай таъкид кард: ҳаргуна умеде барои сокит кардан ҷабҳаҳои пуштибон, умедҳои ноумедона аст ва мо ончиро, ки 11 моҳ қабл шурӯъ кардем такмил хоҳем кард; ҳоло ваҳшатафканиҳо ва ҷонфишониҳо ҳар чиқадар ҳам бошад.
Сайидҳасан Насруллоҳ таъкид кард: мо мардуме ҳастем, ки наметавонем хорӣ ва зиллатро бипазирем ва наметавонем дар муқобили касе гардан хам кунем ва хуни ситамдидаи мо бар шамшер пирӯз хоҳад шуд, душман бояд бифаҳмад рӯзе, ки метавонист бо як гурӯҳи мусиқӣ ба Лубнон ҳамла кунад, ба поён расидааст ва мумкин аст рӯзе бирасад, ки битавонем бо як гурӯҳи мусиқӣ ба он ҳамла кунем.

tajikpress

captcha