Ба гузориши манобеи хабарӣ, Асома Ал-Азҳарӣ, вазири авқофи Миср ба ҳамроҳи меҳмонони сию панҷумин конфронси байналмилалии шӯрои олии умури исломии ин кишвар бо унвони «Нақши зан дар эҷоди огоҳӣ» дар маҳфили Қуръон ва ибтиҳолхонии масҷиди имом Ҳусайн (а)-ми Қоҳира ҳузур ёфт. Маросими тиловати Қуръон ва ибтиҳолхонӣ ҳарсол дар маҳалли ҳамоиш баргузор мешуд, аммо имсол ба гуфтаи вазири авқофи Миср бо таваҷҷуҳ ба ҳол ва ҳавои ин масҷиди муборак ва баҳра бурдан аз ин фазои маънавӣ, тасмим гирифта шуд то маросим дар ин масҷид баргузор шавад.
Вазири авқоф афзуд: Конфронси шӯрои олии умури исломӣ бо ҳузури ин ҷамъ касир аз меҳмонон аз миёни уламои Миср ва соири кишварҳои ҷаҳони Ислом оғоз ба кор кардааст.
Ба гуфтаи вай ҷойгоҳи занон ба вижа Аҳли байти Паёмбар (с) намунаои ошкор аз таъсири занон дар эҷоди огоҳӣ аст. Заноне монанди ҳазрати Зайнаб (с) ва ҳазрати Сакина духтари имом Ҳусайн (а) ва дигар занони Аҳли байт, ки ҷойгоҳи муҳим дар таърихи Ислом доранд.
Вазири авқофи Миср хотирнишон кард: Зан, нақши бузурге дорад ва дар вуҷуди бонувони бузургавори Аҳли байти нубувват таҷассум ёфта ва Худованд ин неъматро тамом кардааст, ки имрӯз дар маҳфили хатми Қуръон ба ҳамроҳи ин меҳмонони бузургавор ҳузур дошта бошем.
Ин маҳфили қуръонӣ ба риёсати Аҳмад Нуъайнаъ ва ҳузури қориёни аршади мисрӣ аз ҷумла шайх Маҳмуд Ал-Хашт, шайх Абдулфаттоҳ Торутӣ, шайх Ёсир Ал-Шарқовӣ, шайх Тоҳо Ал-Нуъмонӣ, шайх Аҳмад Тамим Ал-Амароғӣ, шайх Фатҳӣ Халиф, шайх Корам Ал-Ҳарирӣ ва ҳамчунин Моҳир Ал-Фармовӣ баргузор шуд.