IQNA

Иштироки беш аз 21 миллион зоир дар Арбаини Ҳусейнӣ

23:13 - August 27, 2024
рақами хабар: 2021
ИКНА - Мақомоти баргузоркунандаи Арбаини Ҳусейнӣ дар кишвари Ироқ шумори иштирокчиёни ин маросим дар соли ҷориро беш аз 21 миллион нафар эълом карданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, мақомоти масъул дар кишвари Ироқ эълом карданд, ки дар айёми Арбаини соли ҷорӣ 21 миллиону 480 ҳазору 525 зоир дар кишвари Ироқ ва шаҳрҳои ин кишвар ҳузур пайдо кардаанд.

Дар маросими Арбаини имсол бо вуҷуди гармои 48 дараҷаӣ, зоирони бисёре аз кишварҳои Эрон, Покистон, Афғонистон, Туркия, Лубнон, Инглис, Озарбойҷон ва… дар ин маросим иштирок карданд ва бузургтарин ҷамъомади мусулмононро ташкил доданд.

Зоирон дар маросими Арбаини соли ҷорӣ ба ёди мардуми Фаластин ва ҳимоят аз Ғаззаи зулмдида парчами ин кишварро дар ин маросим баланд бардоштанд.

Омори зоирон дар соли гузашта 22 миллиону 19 ҳазору 146 нафар эълом шуда буд.

https://tajikpress.com/2024/08/27/

captcha