IQNA

Мушорикати панҷ ҳазор зоир дар китобати Қуръони дастнависи Арбаин + акс

22:19 - August 28, 2024
рақами хабар: 2024
ИКНА - Остони муқаддаси Ҳусайнӣ (а) аз мушорикати беш аз панҷ ҳазор зоири Арбаини Ҳусайнӣ дар тарҳи китобати Қуръони порчаӣ хабар дод.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии остони муқаддаси Ҳусайнӣ, остони муқаддаси Ҳусайнӣ (а) эълом кард бо мушорикати беш аз панҷ ҳазор зоири Арбаини Ҳусайнӣ нусхае аз Қуръони Маҷид китобат шуд.

Шайх Ҳасан Ал-Мансурӣ, мушовири дабири кулли остони муқаддаси Ҳусайнӣ дар умури қуръонӣ гуфт: ҳамзамон бо зиёрати Арбаини Ҳусайнӣ, тарҳи нигориши Қуръони Арбаин ба хатти зоирин бо унвони мисоқ бо Қуръон (عهداً مع القرآن) иҷро шуд. 

Ин Қуръон пас аз китобат, назди намояндаи шайх Абдулмаҳдӣ Ал-Карбалоӣ тавлияти устони Ҳусайнӣ дар дафтари ишон дар Остон қарор гирифт ва вай дастур дод, ки ин Қуръон ба маҷмӯаи музаи остони муқаддаси Ҳусайнӣ тақдим шавад то шоҳиде бар пайванди роҳи зоирони Арбаин бо нафаҳоти китоби шарифи илоҳӣ бошад.

Шайх Ал-Мансурӣ афзуд: ин Қуръони Карим бар рӯи порчаи махмл ба тӯли 360 метр ва ҳар ҷузъ дар 12 метр навишта шудааст ва тӯлонитарин Қуръон дар таърихи зиёрати Арбаин ба шумор меравад ва ба таври комил бо даст китобат шудааст.

Вай афзуд: Панҷ ҳазор зоир ва теъдоде аз уламо ва рӯҳониюн аз мазоҳиби мухталифи исломӣ зери назари мушовири умури қуръонӣ дар дабирхонаи остони муқаддаси Ҳусайнӣ дар китобати ин мусҳаф мушорикат доштанд.

 

https://iqna.ir/fa/news/4233744

captcha