Худованд аз тариқи суннати ҳидоят, ки тавассути раҳбарони илоҳӣ таҳаққуқ пайдо мекунад, инсонҳоро ба мақсуд мерасоанд. Суннати ҳидояти Худованд гоҳе ба таври мутлақ тамоми махлуқот ба вижа инсонҳо аамми аз муъмин ва кофирро дар барграфта ва гоҳ ирода, бар ҳидояти гурӯҳи муъминон тааллуқ мегирад. Ҳидоят ба маънои аввал, ҳидояти мутлақ ё ом ва ҳидояти вижаи муъминонро ҳидояти муқаяд ё хос номидаанд.
Ҳидояти ом, ки ба ҳидояти таквинӣ низ номида мешавад дар маънии савқ додани махлуқот ба сӯи тамоми манофеъ ва камолоти дунявӣ ва ухровӣ ба кор меравад; Ин навъ аз ҳидояти Худованд, шомили тамоми мавҷудоти олам аз кӯчактарин зарраҳо то бузургтарин аҷроми осмонӣ ва аз пасттарин мавҷудот то олимартабатарин ҷондорҳо яъне инсон мешавад ва мавҷудот дар масири камолашон то он мизон, ки барои онҳо имконпазир аст, аз он бархурдор мегарданд; Чунонки дар Қуръони Карим ҳамонгуна, ки вожаи ваҳй, барои ҳидояти инсон ба кор рафтааст, барои ҳидояти соири мавҷудот низ ба кор бурда шудааст. Дар оёти ҳамчун «قَالَ رَبُّنَا الَّذِی أَعْطَی کلُ شیءٍ خَلْقَهُ ثمُ هَدَی», «وَ الَّذی قَدَّرَ فَهَدی» ва «الَّذِی خَلَقَنی فَهُوَ یهَدِین» ба ин навъ аз ҳидоят ишора шудааст. Ин навъ аз ҳидоят, ғайри ихтиёрӣ аст ва ҳамаи мавҷудот аз он баҳраманд мешаванд. Ба иборати дигар Худованд мавҷудотро ба гунае халқ кардааст, ки ба таври фитрӣ ва ғайри иктисобӣ метавонанд дар масири ҳадафи хилқат ва камоли матлуби худ қарор бигиранд.
Аммо ҳидояти хос, ки ба ҳидояти ташреъӣ низ номида мешавад танҳо ихтисос ба инсонҳо дорад ва бар ҳидояте итлоқ мешавад, ки афзӯн бар ҳидояти таквинии мавҷуд дар фитрати инсон, ба воситаи ирсоли Анбиё ва ваҳйи илоҳӣ, ба инсонҳо мерасад. Ин ҳидоят низ ба ду навъи ҳидояти аввалия ва ҳидояти сонавия ё подошӣ тақсим мешавад. Ҳидояти аввалия барои касоне аст, ки дар садади расидан ба ҳақ бошанд. Худованд ин афродро аз тариқи қувваи тааққул ва ҳамчунин Анбиёи илоҳӣ ба роҳи дурустӣ роҳнимои мекунад. Суннати ирсоли русул ва инзоли кутуби осмонӣ аз масодиқи ҳидояти ташреъӣ, ки фаръ бар ҳидояти муқайяд аст таҳаққуқ меёбад. Ин амр бо иродаи феълияи инсон мутобиқ буда, ба воситаи Анбиёи илоҳӣ берунӣ, ки аз тарафи Худованд мабъус ва анбиёи дарунӣ, ки ҳамон қувваи тафаккур ва андеша аст муҳаққақ шуда ва инсонро ба манзили мақсуд раҳнамун мешавад.
Аммо ҳидояти подошӣ, ихтисос ба муъминон дорад; Ҳангоме, ки муъминон аз ҳидояти ташреъии аввалия баҳра ббранд ва ба даъвати Анбиёи илоҳӣ посух диҳанд, Худованд ба ишон ҳидояти хос ба унвони подош эъто мекунад. Аз он ҷо, ки ин навъ ҳидоят, мутараттиб бар пазириши ҳидоятҳои аввалӣ аст, онро ҳидояти подошӣ ва сонавӣ номидаанд ояти 7 сураи Юнус аз оёте аст, ки ба ҳидояти ташреъӣ, аз навъи подошӣ ишора мекунад. Дар ин оят Худованди Мутаол мефармояд «اِنَّ الذينَ آمَنوا وَ عَمِلوا الصّالحاتِ يَهديهِم رَبُّهُم بِإيمانِهِم تَجری مِن تَحتِهِمُ الاَنهارُ فی جَنّاتِ النَّعيم» (Юнус/7). Чунон ки аз ин оят бар меояд агар банда, муъмини солеҳ бошад, машмули тавфиқи вижаи Худованд хоҳад шуд ва ба касрати маърифат ва аъмоли солеҳа хоҳад расид.