Назор Ҳайдар, мутаваллиди соли 1959 мелодӣ дар устони Карбало, мудири маркази расонаии Ироқ дар Вашингтон аст. Ӯ дар интифозаи моҳи сафари 1977 мелодӣ, ки аввалин интифозаи миллӣ алайҳи режими Саддом Ҳусайн буд, фаъолона ҳузур дошт. Дар соли 1978 мелодӣ низ ба далели фаъолиятҳои сиёсӣ дар Наҷафи Ашраф, ба дасти неруҳои амниятии режими Саддом боздошт шуд, аммо бо кумаки теъдоде аз дӯстони муборизи ироқии худ аз зиндон озод шуд.
Назор Ҳайдар дар гуфтугӯ бо ИКНА дар заминаи натоиҷ ва осори роҳпаймоии Арбаини имом Ҳусайн (а) изҳор кард: шояд роҳпаймоии Арбаин яке аз падидаҳои нодир дар ҷаҳон бошад, ки худ дар мавриди худаш тавзеҳ медиҳад ва аҳдофашро худи ин роҳпаймоӣ ташреҳ мекунад. Мо инро аз тариқи ончи ҷаҳон бо ҳамаи пешинаҳо ва нигаришҳояш дар бораи он мегӯяд ва менависад мутаваҷҷеҳ мешавем.
Вай афзуд: Арзишҳои чун рафтори инсонӣ, исор, таовун, сабр, мушорикати бародарона дар тӯли муддати роҳпаймоӣ ва рӯзҳои иқомат дар Карбало, ҳама ва ҳама арзишҳо ва ахлоқиёте аст, ки худи ҷаҳон дарбораи он тавзеҳ медиҳад.
Вай дар хусуси таъсири иҷтимоӣ мусбати зиёрати Арбаини Ҳусайнӣ ба ҳамроҳи таъсири маънавӣ ва динии он дар сатҳи ҷомеа баён кард: Зоир дар муддат замони зиёрат, бисёре аз арзишҳо, рафторҳо ва ахлоқиёти мусбатро фаро мегирад ва анҷом медиҳад. Ҳамзамон низ ба рафторҳо ва иқдомоти манфӣ ва нодуруст, ки дар зиндагии рӯзмраи худ бо огоҳӣ ё бидуни огоҳӣ онҳоро анҷом медиҳад таваҷҷуҳ ва диққат мекунад.
Ин таҳлилгари ироқӣ дар бораи аҳамияти бузургдошти маросими Арбаини Ҳусайнӣ дар ҳифзи арзишҳо ва паёмҳои неҳзати Ҳусайнӣ тасреҳ кард: Ҳамаи мо ба хубӣ медонем, ки ҳар падидае дар ҷаҳон дорои ду буъди назарӣ ва амалӣ аз яксу ва абъоди фикрӣ ва отифӣ аз сӯи дигар аст. Падидаи Арбаини Ҳусайнӣ низ аз ин қоидаи ақлӣ ва мантиқӣ мустасно нест.
Мудири маркази расонаии Ироқ дар Вашингтон дар посух ба ин савол, ки оё метавон гуфт пиёдаравии Арбаини Ҳусайнӣ падидае барои эҷоди тамаддуни навини исломӣ аст? Изҳор кард: Агар бихоҳем ингуна бошад, бояд ба башарият дар сутӯҳи мухталиф улгуе ироа кунем, лизо кофӣ нест тамаддуни будан пиёдаравии Арбаинро ба чанд рӯз маҳдуд кунем ва баъд ҳама чиз ба ҳолати қабл баргардад. Зеро ҳазрати Алӣ (а) дар даврони ҳукуматашон, барои Молики Аштар, ки волии Миср буд, тамаддунро ингуна тавсиф карда ва ба ӯ дастур доданд то молиётҳои Мисрро ҷамъ ва бо душманаш ҷиҳод кунад ва ба ислоҳи аҳлаш бархезад, ва шаҳрҳояшро обод созад.
Вай дар бораи паёми наҳзати Сайидушшуҳадо, ҳазрати имом Ҳусайн (а) барои дунёи ҷадид изҳор кард: имом Ҳусайн (а) паёми ҷаҳонӣ аст, яъне арзишҳо ва усули ӯ барои ҳамаи замонҳо ва маконҳо ҷовдона аст. Ин усул ва арзишҳо ҳамвора ҳавли се меҳвари асли ҳаракат мекунад: озодӣ, каромат ва озодии интихоб.
Назор Ҳайдар дар поён гуфт: Имрӯз башарият даргири се бемории ҷиддӣ аст, ки мухолифи ин се асл аст, яъне: бардагӣ, зиллат ва таҳмили интихоб, аз ин рӯ башарият акнун ба шиддат ба паёми Ошуро ниёз дорад то аз бардагии қудрат, пул ва шаҳват раҳоӣ ёбад, обрӯмандона зиндагӣ кунад ва аз интихобҳояш ва озодии интихоб лаззат бибарад; Бидуни иҷбор ё фишор ва фиреби таблиғот ва расонаҳое, ки масири ҳаракати мардум ва интихобҳои эътиқодӣ, сиёсӣ ва ахлоқии мардум ва ҳатто интихобҳои онҳо дар мавриди хӯрок, пӯшок, зоҳир ва оростагии онҳоро дар кантроли худ доранд.