Ба гузориши манобеи хабарӣ, 250 нафар аз ҳофизони мард ва зан дар тамоми радаҳои сннӣ пас аз намози субҳи рӯзи якшанбе дар бузургтарин маҳфили қуръонии Наблус иқдом ба тиловат ва хатми Қуръони Карим карданд.
Ин аввалин маҳфили қуръонӣ аз ин навъ аст, ки дар Каронаи Бохтари баргузор мешавад.
Ширкаткунандагон дар ин маҳфили қуръонӣ, ки ҷузви ҳофизони Қуръони Карим ҳастанд, пас аз намози субҳ ва то наздики ғуруби офтоб, иқдом ба тиловати 30 ҷузъи Қуръон карданд.
Ин дарҳоле аст, ки гурӯҳи дигаре аз ҳофизони 10 ва 20 ҷузъи Қуръони Карим иқдом ба тиловат карданд.
Баргузории ин маҳфили қуръонӣ, ки бо истиқболи густурдае мувоҷеҳ шудааст, зери назари кумитаи ҳифзи Қуръони Карим дар Наблус баргузор мешавад, ки беш аз 500 нафар узви он ҳастанд.