Ба гузориши манобеи хабарӣ, Холид Тантовӣ, намояндаи парлумони Миср аз иттиҳодияи ҳофизон ва қориёни Қуръони Карим хост то шурути ҷадид ва қотеъи вазъ кунад то иштибоҳоти фоҷиабор дар қироати Қуръони Карим тавассути бархе қориён такрор нашавад.
Холид Тантовӣ бо қадрдонӣ аз тезбинии шайх Муҳаммад Солеҳ Ҳашод, раиси иттиҳодияи ҳофизон ва қориёни Миср, нисбат ба такрори иштибоҳи қориён ҳангоми қироати Қуръон дар расонаҳои мухталиф ибрози таассуф кард.
Вай аз раиси ин иттиҳодия хост то ҳамаи касоне, ки муртакиби чунин иштибоҳоте дар қироати Қуръони Карим мешавандро ба шиддат муҷозот кунад ва аз қироати Қуръони онҳо дар расонаҳои мухталиф ҷилавгирӣ ба амал оварад.
Холид Тантовӣ бо таъкид бар зарурати иҷрои қотеъонаи қонун алайҳи касоне, ки ба Қуръон иҳонат мекунанд, аз иттиҳодияи ҳофизон ва қориён хост то давраҳои омӯзишии мустамар барои қориёни Қуръон баргузор кунад.