Ба гузориши хабаргузории расмии Ироқ, як манбаи расмӣ дар остони муқаддаси Ҳусайнӣ хотир нишон кард, ки маконҳои Ҳусайнӣ, тамоми талошҳои амниятӣ ва хадамотии дастгоҳҳо ва ниҳодҳои масъул ва муртабит бо зиёрати Арбаин ва ҳайатҳо ва мавкибҳои Ҳусайниро арҷ мениҳад.
Ба гуфтаи ин масъул, талошҳои амниятӣ ва хадамотии ҳамаи дастгоҳҳо ва ниҳодҳои масъул бо вуҷуди тамоми мушкилот ва сахтиҳои бузург дар сояи афзоиши дамои ҳаво, густурдагии вурудиҳо ва манотиқи ҳаракати зоирон ва вуруди миллионҳо зоир аз устонҳои мухталифи Ироқ ва кишварҳои мухталифи ҷаҳон кумаки шоёне ба зоирони азиз кард.
Ин манбаи масъул ибрози умедворӣ кард, ки Худованд ҳамаи дастандаркорони умури хидматрасонӣ ба зоиронро барои ироаи хадамоти бештар ва тавсеаи ҳар чӣ бештари он дар солҳои оянда муваффақ гардонад.
Хотирнишон мешавад, ки остони муқаддаси Аббосӣ шумори зоирони Арбаини Ҳусайнии имсолро беш аз 21 миллион ва 280 ҳазор нафар эълом карда буд.