Ба гузориши манобеи хабарӣ, бахши муассисоти омӯзишии Ал-Азҳар тайи баёнияе эълом кард: тарҳи Рӯзи тиловати Қуръон бо ҳадафи тавонмандисозии донишомӯзон дар ҳифзи Қуръони Карим ва кумак ба онон барои тиловати миқдори бештаре аз оёти Қуръони Карим дар рӯз ва тавсеаи рӯҳияи рақобат байни донишомӯзон баргузор мешавад.
Дар ин баёния омадааст, ки теъдоди 6251 донишомӯз аз устонҳои мухталифи Миср барои ширкат дар ин тарҳ интихоб шудаанд ва бо назорати Муҳаммад Ал-Зувайнӣ, намояндаи Ал-Азҳар дар ин тарҳ ширкат хоҳанд кард.
Шайх Эмин Абдулғанӣ, раиси бахши муассисоти омӯзишии Ал-Азҳар дар бораи ҷузъиёти ин тарҳ гуфт: Ин тарҳ фардо, шанбе 31 август дар дафотири ҳифзи Қуръон ва ба муддати як рӯзи комил баргузор мешавад ва ҳар донишомӯз дар ин рӯз кулли маҳфузоти худро барои устоди худ ё яке аз дастёронаш тиловат мекунад ва агар донишомӯзе натавонад кулли маҳфузотро дар як рӯз тиловат кунад, ҳар миқдор, ки дар тавон дорад тиловат мекунад ва сипас онро дар гузориши худ зикр мекунад.
Вай афзуд: фаъолиятҳои рӯзи тиловати Қуръон ба таври комил тасвирбардорӣ мешавад ва ба манзури эҷоди рӯҳияи рақобат миёни донишомӯзон ва ташвеқи онҳо ба мушорикат дар чунин тарҳҳое байни онҳо мунташир мешавад.
Абулязид Саломат, мудири кулли умури Қуръони Карими бахши муассисоти қуръонии Ал-Азҳар дар бораи чигунагии омодагӣ барои тиловати маҳфузоти Қуръони Карим гуфт: Дар ҳар давраи ҳифзи Қуръон, донишомӯз маҳфузоти худро, ки шомили се ҷузъ ё 5 ҷузъ ё 10 ҷузъ ё як чаҳоруми Қуръон аст, тиловат мекунад то инки барои тиловати комил тамрин пайдо кунад. Онгоҳ пас аз онки донишомӯз кулли Қуръонро ҳифз кард, ибтидо онро дар 10 рӯз хатм мекунад сипас дар 7 рӯз, сипас дар 6 рӯз, 5 рӯз, 4 рӯз, 3 рӯз, 2 рӯз ва дар ниҳоят кулли Қуръонро дар як рӯз хатм мекунад ва дар байни ҳар 2 хатми Қуръон замонеро барои муроҷиа ба иштибоҳоти худ ва ислоҳи онҳо ихтисос медиҳад.
Вай дар поён гуфт: Озмуне низ барои таъйини сатҳи хондан ва навиштани донишомӯз баргузор мешавад ва агар донишомӯз онро ба хубӣ надонад, ба ӯ омӯзиш дода мешавад то хондан ва навиштанро ба дурустӣ ёд бигирад. Ҳамчунин ҳифзиёти ҷадиди худро назди устоди худ такрор карда то устод онро тасҳеҳ кунад.