IQNA

Шикастҳои мутааддиди режими саҳюнистӣ аз амалиёти “Тӯфони Ал-Ақсо”

11:33 - September 01, 2024
рақами хабар: 2039
ИКНА - Амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо илова бар ворид кардани хисоратҳои роҳбурдии мутааддид ба ишғолгарон, зарбаи бузург ба барномаи саҳюнизм буд то ин режим бисёре аз ҳомиёни худро дар Амрико ва Ғарб аз даст бидиҳад.

Режими саҳюнистӣ аз замони оғози амалиёти “Тӯфони Ал-Ақсо” дар 7 октябри 2023 токунун баъд аз гузашти наздик ба 11 моҳ ҷанги ваҳшёнае, ки алайҳи ғайринизомиёни бедифоъ дар Навори Ғазза ба роҳ андохта, шикастҳои мутааддиде дар сутӯҳи мухталиф мутаҳаммил шудааст.

Шикастҳои режими ишғолгар дар ҷанги кунунии Навори Ғазза сирфан маҳдуд ба шикастҳои тактикӣ нест; Балки маҷмӯае аз шикастҳои стратегӣ аст, ки дар сатҳи амниятӣ, низомӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва низ идеологӣ, ба шиддат саҳюнистҳоро таҳти таъсир қарор додааст.

Шикастҳое, ки тайи ин бозаи замонӣ, режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ мутаҳаммил шудааст, дар марҳилаи аввал собит кард, ки асосан чизе ба номи бофти иҷтимоӣ ва пояҳои мавҷудиятӣ дар ҷомеаи саҳюнистӣ вуҷуд надорад ва идеологияе, ки барномаи саҳюнистӣ барои тавҷеҳи ишғолгарии худ дар Фаластин эҷод карда буд, комилан нобуд шудааст.

Бо вуҷуди инки Навори Ғазза дар ин ҷанг баҳои сангине дар сатҳи талафоти инсонӣ ва модди пардохт карда, аммо вазъияте, ки мардуми Ғазза имрӯз доранд масъалаи ҷадиде нест ва миллати Фаластин аз замоне, ки сарзамини онҳо бо ҳимоятҳои Амрико ва Ғарб таҳти ишғоли режими террористии Телавив қарор гирифт, ҳамвора дар маърази куштор ва оворагӣ будаанд. Аммо нуктаи қобили таваҷҷуҳ инҷост, ки артиши режими ишғолгари саҳюнистӣ бо вуҷуди бархурдорӣ аз ҳимояти номаҳдуди Амрико ва Ғарб талафоти бесобиқа ва бешуморе дар ин ҷанг додааст; То ҷое, ки садоҳои зиёде дар маҳофили ибрӣ баланд шуда, ки дар бораи фурӯпошии артиш ҳушдор медиҳанд ва низомиён ва теъдоди зиёде аз афсарони артиши саҳюнистӣ аланан адами тамоюли худ барои идомаи мушорикат дар ҷанги Ғаззаро эълом кардаанд.

Хисорот ва шикастҳои режими палоид ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар ҷанги Ғазза дар сатҳи равонӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, низомӣ, минтақаӣ, ҷаҳонӣ, иқтисодӣ, афкори умуми байналамилалӣ ва низ дар сатҳ иҷойгоҳи яҳудиёни саҳюнистӣ дар ҷаҳон баъд аз ҷанги Навори Ғазза ва натиҷаи ҷанги Ғазза барои режими ишғолгар ва мардуми Фаластин чӣ будааст ва оё саҳюнистҳо тавонистанд ба аҳдофе, ки дар ин ҷанг таъйин карда буданд, наздик шаванд.

Амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо зарбаи амиқ ва бузурге ба назарияи боздорандагии режими саҳюнистӣ ворид кард ва баъд аз шикасти артиши ишғолгар дар таҳаққуқи аҳдофи эълом шудаи ҷангӣ, яъне нобудии ҷунбиши Ҳамос, бозгардондани усарои саҳюнистӣ бо аъмоли хушунат ва амалиёти низомӣ дар Ғазза, бозгардондани шаҳракнишинон ба шаҳракҳои атрофи Ғазза ва шимоли арозии ишғолӣ бо барқарории амнияти комил ва…. ин зарба амиқтар шуд.

Амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо талафоти инсонии бесобиқа дар артиши режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ дар тӯли ҷанги фарсоишии Ғазза мӯҷиб шуда то шаҳракнишинони дигар эътимоде ба қудрат ва тавонмандии артиш надошта бошанд ва афсонаи артиши «шикастнопазири» саҳюнистӣ барои ҳамеша зери хокистари ҷанги Ғазза мадфун шуд.
Ҷанги Навори Ғазза ва паёмадҳои он бар режими саҳюнистӣ мӯҷиб шуд то бори дигар масъалаи таҳдиди мавҷудият алайҳи ин режим ба шакли ҷиддӣ ва қобили таваҷҷуҳе матраҳ гардад ва акнун саҳюнистҳо ба ҷое расидаанд, ки танҳо барои бақои худ меҷнганд.

Режими саҳюнистӣ, ки талош дошт худро ба унвони қудрати мутлақ ва бартари минтақа тасбит кунад ва бозигари аслии муодилоти минтақаӣ бошад, нишон дод, ки ҳатто қудрати ҳимоят аз амнияти ҷабҳаи дохилии худ ва мубориза бо манобеи таҳдид ба вижа дар ҷануб ва шимоли Фаластини ишғоли аз ҷониби муқовимати Фаластин ва Ҳизбуллоҳро надорад. Шаҳракнишинони саҳюнистӣ баъд аз беш аз 10 моҳ оворагӣ аз манотиқи шимол ва ҷануби Фаластини ишғолӣ, ба далели тарс аз ҳамалоти муқовимати Фаластин ва Ҳизбуллоҳи Лубнон ва ҳамчунин дар сояи хисоратҳои бесобиқае, ки дар ин ҷанг мутаҳаммил шудаанд, дучори ҳолати бесобиқае аз ноумедӣ ва сардаргумӣ ҳастанд.

Шаҳракнишинони саҳюнистӣ, ки бо тавассул ба идологияи воҳии ҷунбиши саҳюнизм мабнӣ бар инки онҳо «қавми бартар» ҳастанд, дар талош барои тасбити мавҷудияти худ дар арозии ишғолии Фаластин буданд, акнун дучори фарсоиши шадиди иҷтимоӣ шуда ва баъд аз мушоҳидаи талафоти сангин дар ин ҷанг, ангезае барои фидокорӣ дар сарзамине, ки мутааллиқ ба онҳо нест надоранд.

 

Шикоф ва тардидҳои зиёде дар заминаи нақши шаҳракнишинони саҳюнистӣ ба вижа дар манотиқи марзӣ барои мубориза ҷиҳати ҳимоят аз барномаи саҳюнистӣ ба вуҷуд омадааст ва иллати он, ба хисоратҳои сангине бармегардад, ки саҳюнистҳо дар тӯли ҷанги Навори Ғазза мутаҳаммил шудаанд.

Яҳудиёни саҳюнистӣ баъд аз фош шудани чеҳраи воқеии онҳо дар баробари ҷаҳониён, дучори чолишҳои зиёде дар дохил ва хориҷ аз Фаластини ишғолӣ шудаанд. Дар ин замина метавон ба инқилоби донишҷуёни ғарбӣ ва амрикоӣ ва ҳамчунин қишри адибон, пизишкон, ҳунармандон ва … алайҳи саҳюнизм ва ҷиноятҳои он ишора кард. Нуктаи қобили таваҷҷуҳ инҷост, ки ин донишҷӯён дар донишгоҳҳое таҳсил мекунанд, ки масъули ҳимоят аз режими саҳюнистӣ дар сутӯҳи молӣ ва дигар арсаҳо ҳастанд.

Ва нуктаи охар ин ки баъд аз ҷанги Навори Ғазза, яҳудиён дар саросари ҷаҳон мутаваҷҷеҳ шуданд Фаластин сарзамини амне, ки сарони саҳюнизм ба онҳо ваъда дода буданд нест.

https://tajikpress.com/2024/08/31/%D1%82

captcha