IQNA

Масъулияти иҷтимоӣ / Қуръон ва ҷомеа 1

18:10 - September 01, 2024
рақами хабар: 2040
ИКНА - Тибқи омӯзаҳои исломӣ, масъулияти иҷтимоӣ ба маҷмӯае аз рафторҳо ва аъмоле гуфта мешавад, ки афрод барои ҳамнавъи худ анҷом медиҳанд. Ин корро як мусулмон на аз рӯи иҷбор; Балки ба далели ҳузураш дар иҷтимоъ ва дастуре, ки Худованди Мутаол ба ӯ додааст мебоист анҷом диҳад.

Масъулияти иҷтимоӣ навъе тааҳҳуди ахлоқӣ ва ҷамъӣ аст, ки афрод нисбат ба ҳамнавъи худ доранд. Бар асоси ин масъулият, инсон боисте маҷмӯаи корҳоеро ба нафъи ҷомеа анҷом диҳад. Дар зиндагии иҷтимоӣ сарнавишти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва эътиқодии афрод дар ҳам танидааст ва аъмол ва рафторе, ки як фард аз худ нишон медиҳад, дар дигар арсаҳо ва афроди ҷомеа таъсир мегузорд. Бар ин асос, афроди як ҷомеа дар қиболи рафтор ва вокунишҳои якдигар масъулият доранд.

Тибқи омӯзаҳои исломӣ, масъулияти иҷтимоӣ ба маҷмӯае аз рафторҳо ва аъмоле гуфта мешавад, ки афрод барои ҳамнавъи худ анҷом медиҳанд. Ин корро як мусулмон на аз рӯи иҷбор; Балки ба далели ҳузураш дар иҷтимоъ ва дастуре, ки Худованди Мутаол ба ӯ додааст мебоист анҷом диҳад. Тайфи ин вазоиф бар асоси оёти Қуръон бисёр мутанаввеъ аст ва аз ҳайси масъулият дар баробари гурӯҳ‏ҳои мухталифи иҷтимоӣ аз хонавода гирифта то хешовандон, аҳли шаҳр то ҳамаи афроди ҷомеаро дар бар мегирад. Дар андешаи исломӣ як мусулмонон дар ҷомеа ва равобити инсонии худ агар ҳаргуна костӣ ва заъферо, ки дар масоили иҷтимоӣ мебинад, боисте нисбати ба он бетафовут набошанд ва дар рафъи костии он бикушад.

Намунаое аз масъулияти иҷтимоӣ дар Қуръон, тааҳҳуде аст, ки як мусулмон бояд нисбат ба ятимон ва мискинон дошта бошад. Ояти «وَ لا تَقْرَبُوا مالَ الْيَتِيمِ إِلَّا بِالَّتِي هِيَ أَحْسَنُ حَتَّى يَبْلُغَ أَشُدَّهُ وَ أَوْفُوا بِالْعَهْدِ إِنَّ الْعَهْدَ كانَ مَسْؤُلًا» (Исроъ/34) аз маҷмӯаи оёте аст, ки ба ин мақула таваҷҷуҳ дорад. Аҳамияти анҷоми масъулияти иҷтимоӣ дар ҳавзаи ятимон ба ҳадде аст, ки баъзе аз муфассирон дар сураи Моъун миёни имони ба худ ва хидмат ба ятимон, мискинон ва асирон ва қабули намоз иртиботи маҳкаме эҷод мекунад. Аз ин навъ нигариш метавон бардошт кард, ки имони ҳақиқӣ ва диндории воқеӣ ва намоз ва ибодати ҳақиқӣ дар ҳангоме аст, ки инсон ба ҷомеаи худ таваҷҷуҳ кунад ва ниёзи ҳамнавъашро бароварда кунад; Дар ғайри ин сурат, дин ва имон ва намоз ва ибодати ҳақиқӣ нест; Чун унсури муҳаббат ва баровардани ниёзи ҳамнавъ, ғоиб аст.

Намунаи дигар аз масъулияти иҷтимоӣ дар Қуръон, мақулаи тавосӣ аст. Тавосӣ ба маънои сифориш кардан аст. Қуръон дар оёти зиёде даъват ба тавосии мусулмонон нисбат ба якдигар кардаанд махсусан сифориш ба сабр ва ҳақ аз ҷумла мавориде аст, ки ба шакли густурдае мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Тавосӣ ба далели тазъифи ирода ва ангеза анҷом мегирад. Ба иборати возеҳтар гоҳе авқот, иродаи инсон заиф мешавад ва дар масири дуруст таҳаммулаш кам мешавад. Тавосӣ дар чунин ҷойгоҳе дастур дода шудааст; Чаро, ки дар ин вазъият бо сифориши атрофиён ба ҳақ ва сабр, ангеза ва иродаи фард тақвият мешавад ва имкони истимрор дар ин масир барояш мақдур мешавад.

Дар маҷмӯъ мақулаи масъулияти иҷтимоӣ, амре аст, ки ба таври вижа дар Ислом мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст ва шояд яке аз далоили бақо ва истимрори Ислом дар миёни адёни мухталифро дар таваҷҷуҳи ин дин ба риояти ҳоли атрофиён ва ҷомеа метавон донист.

https://iqna.ir/en/news/3489660

captcha