IQNA

Ҳузури аниматсияи «Гулҳои коғазӣ» дар ҷашнвораи байналмилалии Қазон

5:22 - September 02, 2024
рақами хабар: 2044
ИКНА - аниматсияи «Гулҳои коғазӣ» ба коргардонии Ромаки Амини Козимӣ дар ҷашнвораи байналмилалии синамои мусулмони Қазон намоиш дода мешавад.

Ромак Амини Козмӣ, коргардони аниматсияи «Гулҳои коғазӣ» дар гуфтугӯ бо хабарнигории ИКНА аз аввалин ҳузури филми худ дар ҷашнвораҳои хориҷӣ хабар дод ва гуфт: «Гулҳои коғазӣ» 6 сентиябр дар ҷашнвораи байналмилалии синамои мусулмони Қазон ҳузур пайдо мекунад. Ин филм маҳсули маркази густариши синамои мустанад, таҷрибӣ ва аниматсия аст.

Вай афзуд: аниматсияи «Гулҳои коғазӣ» бо ҳузур дар бахши мусобиқаи аниматсияи бистумин ҷашнвораи байналмилалии филми «Қазон» дар канори осоре аз Аргентина, Русия, Зеландияи нав, Қазоқистон, Миср, Ҳинд ва Уммон ба рақобат мепардозад.

Амини Козмӣ идома дод: Ин аниматсия ривояти зани нависандаи муваффақе аст, ки яке аз осораш бо шикаст мувоҷеҳ мешавад. Ӯ барои ҷуброни ин шикаст, тарк диёр ва хонавода карда ва ба иморати матрука паноҳ мебарад то дар инзиво ба навиштани асари ҷадиди худ бипардозад. Ин филм ба сабки зиндагии эронӣ – исломӣ ва нақши зани эронӣ дар ҷомеа ишора дорад.

Вай таъкид кард: Ҷашнвораи байналмилалии филми Қазон аз соли 2005 мелодӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тотористон баргузор мешавад. Шиори ин ҷашнвора гуфтугӯи фарҳангҳо аз тариқи фарҳанги гуфтугӯ аст. Дар бахши мусобиқаи ин давра, 10 филм аз Эрон, Аргентина, Русия, Зеландияи Нав, Қазоқистон, Миср, Ҳинд ва Уммон ба намоиш дар меоянд.

Амини Козмӣ бо баёни инки барои сохти ин аниматсияи чаҳор сол замон сарф шудааст, гуфт: Бо таваҷҷуҳ ба шароите, ки дар айёми корона пеш омад, барои сохти ин аниматсияи 17 дақиқаӣ чаҳор сол замон сарф шуд.

Ҷашнвораи байналмилалии синмои мусулмони Қазон аз таърихи 6 то 11 сентябр 2024 дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Русия баргузор мешавад. 

Пахши «Гулҳои коғазӣ» бо бахши байналмилали маркази густариши синамои мустанад, таҷрибӣ ва пӯёнмоӣ аст.

https://iqna.ir/fa/news/4234333

captcha