IQNA

Андешаманди урдунӣ дар гуфтугӯ бо ИКНА матраҳ кард

Ихтилоф дар қироати сираи набавӣ; Чолиши ҷадиди уммати исломӣ

5:42 - September 02, 2024
рақами хабар: 2045
ИКНА - Шайх Мустафо Абу Рамон бо ишора ба мавонеи уммати исломӣ дар иҷрои сираи Паёмбар (с) дар ҷомеаи имрӯз таъкид кард: Ба ақидаи ман, ин мавонеъ ҳамон ихтилофоти содае аст, ки дар қироати сираи набавӣ вуҷуд дорад. Бисёре аз уламо ва таърихнигорони шиъа ва суннӣ сираи он ҳазратро нигоштаанд, аммо бояд сираи набавиро тибқи ақл ва ончи дар китоби Худо омадааст бингорем; Бархе ба сираи Паёмбар (с) аз дидгоҳи башар менигаранд дар сурате ки кулли афъол ва ақволи ишон бар асоси ваҳйи Худованд будааст. 

Шайх Мустафо Абу Рамон, аз уламо ва мубаллиғони исломӣ, зодаи кишвари Урдун аст, ки аз кӯдакӣ ба омӯзиши улуми Қуръон пардохта ва дар синини кӯдакӣ тавонистааст Қуръонро ҳифз кунад. Ӯ назди шуюух ва уламои бузурги исломӣ таҳсил карда ва акнун худ яке аз мубаллиғони мусулмон дар ҷаҳони Араб шинохта мешавад.

Абу Рамон аз уламои аҳли суннати Урдун аст, аммо ақида дорад, ки ҳеҷ фарқе миёни мусулмонони аҳли суннат ва шиъа вуҷуд надорад ва шиъаён метавонанд бидуни ҳеҷ монеи амокини мутабаррикаро зиёрат кунанд. 

Шайх Мустафо Абу Рамон, дар гуфтугӯ бо ИКНА, бо тасалияти фарорасидани солрузи реҳлати Паёмбари Гиромии Ислом, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ба тамоми уммати исломӣ, ба васияти он ҳазрат ба ҳазрати Алӣ (а) ишора кард ва гуфт: Паёмбар (с) ҳазрати Алӣ (а)-ро ба сабри бар дунё ва муҳофизат аз Фотимаи Заҳро (с) ва имом Ҳасан ва имом Ҳусайн (Алайҳимассалом) ва ҳамчунин ҷамъоварии Қуръони Карим васият карданд. 

Вай афзуд: Паёмбари Акрам (с) дар лаҳзоти охири умри муборакашон ҳам ва ғамме ҷуз уммати худ надоштанд, барои уммати худ васият ва онҳоро насиҳат карданд. Ба онҳо дастуроте доданд ва бисёре аз умурро барои онҳо табйин карданд, аз ҷумла дар бораи имом Ҳасан ва имом Ҳусайн (Алайҳимассалом) табйин фармуданд, ки ин ду имоми бузургавор ба дасти золимон ба шаҳодат хоҳанд расид, ва бар касоне, ки ба онҳо зулм мекунанд лаънат фиристоданд.

Вай афзуд: Расули Худо (с) ҳамчун соири Паёмбарон ва соири инсонҳо вафот ёфт, ва Худованд дар бораи ишон фармуд: «إِنَّكَ مَيِّت وَإِنَّهُم مَّيِّتُونَ». Он ҳазрат пас аз худ китоби Худо ва аҳодиси бисёреро барҷой гузошт. Чунонки дар ҳадиси Сақалайн мефармояд: إِنِّي تَارِكٌ فِيكُمُ الثَّقَلَيْنِ كِتَابَ اللَّهِ وَ عِتْرَتِي أَهْلَ بَيْتِي ما إِنْ تَمَسَّكْتُمْ بهما لَنْ تَضلُّوا أبَداً و إنّهما لَنْ يَفْتَرِقا حَتى يَرِدا عَلَيَّ الحَوْضَ: Ҳамоно ман ду чизи гаронбаҳоро дар миёни шумо боқӣ мегузорам, китоби Худо ва Аҳли байтамро, то замоне, ки ба ин ду чизи гаронбаҳо тамассук кунед гумроҳ нахоҳед шуд, ин ду аз якдигар ҷудо нахоҳанд шуд то инки рӯзи қиёмат дар канори ҳавзи Кавсар назди ман баргарданд.

Ин ҳадис дар кутуби равоии фариқайни (шиъа ва суннӣ) ривоят шуда ва баёнгари хайри азим аст.

Вай идома дод: Паёмбар (с) дорои ахлоқи бисёр некӯ буда ва ахлоқи қуръонӣ доштанд. Рафтор ва сулуки Паёмбар (с) тамоман бар асоси амонатдорӣ, садоқат, шарофат, иффат ва ҷиҳоди дар роҳи ризои Худо буд ва мо имрӯз метавонем бо пайравӣ аз сулуки он ҳазрат ва ҳаракат дар масири суннати ишон, рафтори ишонро дар ҷомеаи худ пиёда кунем то дар дунё ва охират растгор шавем.

Мустафо Абу Рамон дар бораи чигунагии баҳрабардорӣ аз зиндагии сиёсии Паёмбар (с) дар ҳалли мушкилоти имрӯзии ҷомеа тасреҳ кард: Саросари зиндагии Расули Худо (с) барои ҳалли мушкилоти мусулмонон сарф шуд чаро, ки ишон Раҳматул-лилъоламин буданд ва ҳамаи инсонҳоро ҳидоят мекарданд. Он ҳазрат тамоми рафтор ва гуфторашон роҳиҳалле барои ҳар мушкил ва муъзале буд ва дар зиндагии ҷиҳодӣ, таблиғӣ, ахлоқӣ ва ҳамаи ҷавониби зиндагии худ барои мо табйин мефармуданд, ки чигуна бо мушкилот ва душвориҳо муқобила кунем. Лизо ишон улгу ва намунаои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ... барои инсонҳо буданд.

Вай идома дод: Уламои ҷомеаи мо имрӯз бояд ахлоқ ва вижагиҳои Паёмбар (с)-ро табйин кунанд ва ба мардум тавзеҳ диҳанд, ки он ҳазрат дар заминаи ҳукумат, уммат, хонавода ва кӯдакон чигуна рафтор мекарданд. Он ҳазрат улгуе барои бузург ва кӯчак дар зиндагии худ буданд. Лизо агар сираи Паёмбари Акрам (с)-ро мутолиа ва онро дар ҷомеа иҷро кунем хоҳем тавонист ин ахлоқи волоро дар ҷомеа тақвият кунем.

Шайх Абу Рамон дар поён таъкид кард: Лозим аст, ки сираи пурбори Расули Гиромии Ислом (с) дар тамоми ҷавониби зиндагии мо ҷорӣ бошад ва ҳамонтавр, ки Худованд моро амр кардааст, ки уммати воҳида бошем, Расули Худо (с) низ барои ваҳдати ин уммат мабъус шудаанд. Худованд дар Қуръони Карим моро ба пайравӣ аз ишон ва Аҳли байти (а) он ҳазрат дастур фармудааст лизо бояд аз ишон пайравӣ карда ва бо душманони он ҳазрат душман бошем.

https://iqna.ir/fa/news/4234365

captcha