IQNA

Мусобиқоти Қуръони Қатар бо барномаи нав баргузор мешавад

6:08 - September 02, 2024
рақами хабар: 2047
ИКНА - Вазорати авқоф ва умури исломии Қатар аз тағйири бунёдин дар мусобиқоти саросарии қуръоин ин кишвар мавсум ба «Шайх Ҷосим ибни Муҳаммад ибни Сонӣ» ба вижа дар бахши занон, донишомӯзӣ, афзоиши ҷавоизи мусобиқот ва теъдоди барандагони ин рақобатҳо хабар дод.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, вазорати авқоф ва умури исломии Қатар аз тағйири бунёдин дар мусобиқоти Қуръони Карими шайх Ҷосим ибни Муҳаммад ибни Сонӣ, шомили ҷудосозии кумитаҳои доварӣ ва озмуни занон, ду баробар шудани теъдоди барандагон ва арзиши ҷавоизи молии ин мусобиқот хабар дод.

Молуллоҳ Абдурраҳмон Ҷобир, раиси кумитаи баргузории мусобиқоти Қуръони Карими шайх Ҷосим бо эъломи ин хабар тасреҳ кард: Тасмими вазорати авқоф дар заминаи баргузории мусобиқот бо нусхаи ҷадид, мунҷар ба тақвияти ихтиёроти кумитаи созмондеҳии рақобатҳо дар густариши доманаи фаъолиятҳо ва тасмимгириҳо дар ростои дастёбӣ ба аҳдофи ин мусобиқот шудааст.

Молуллоҳ Абдурраҳмон Ҷобир тасреҳ кард: Бо таваҷҷуҳ ба аҳамият ва ҷойгоҳи Қуръони Карим, кумитаи созмондеҳии мусобиқот дар ростои эҷоди таҳаввули кайфӣ дар заминаи ин мусобиқот ба вижа дар бахши занон ва духтарон тасмим гирифт то бахши баргузорӣ ва доварии мусобиқоти занон ва мардонро ба таври комил аз ҳам ҷудо кунад ва бонувони ширкаткунанда дар тамоми мароҳили ин рақобатҳо зери назари кумитаи озмуни бонувон амал хоҳанд кард.

Аз сӯе кумитаи сомондеҳӣ муқаррар кард дар ҳар бахш аз се бахши аслии мусобиқоти гурӯҳи бонувон, аз панҷ баргузида тақдир ба амал ояд. Илова бар ин арзиши ҷавоизи ихтисос ёфта ба баргузидагони зан ва мард дар ин мусобиқот ду баробар шуда ва ба се миллион риёли қатарӣ расидааст.

Ҳамчунин барои нахустинбор бахши донишомӯзии мусобиқоти Қуръони Карими шайх Ҷосим низ роҳандозӣ шудааст. 

Сабтиноми сиюмин давраи мусобиқоти Қуръони шайх Ҷосим дар Қатар, ки вижаи атбоъ ва муҳоҷирони сокин дар ин кишвар аст, аз авоили моҳи ҷории мелодӣ оғоз мешавад ва марҳалаи ниҳоӣ низ дар моҳи октябр баргузор хоҳад шуд.

https://iqna.ir/fa/news/4234471

captcha