IQNA

Ба ҳиммати Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ;

Силсила маҳофили байналмилалии унси бо Қуръони вижаи бонувон баргузор мешавад

14:02 - September 02, 2024
рақами хабар: 2048
ИКНА - Силсила маҳофили байналмилалии унси бо Қуръони Карим дар қолаби яке аз барномаҳои тарҳи ҷомеъи қуръонии «Рисолоти Аллоҳи» Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии вижаи бонувон ба унвони яке аз мутолиботи ҷомеаи қуръонии хоҳарон аз моҳи оянда ба сурати моҳона баргузор мешавад.

Ба гузориши равобити умумии Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ, ҳуҷҷатулисломи валмуслимин Сайидмустаф Ҳусайнии Найшопурӣ, раиси маркази байналмилалии Қуръон ва таблиғи Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ бо эъломи ин хабар, гуфт: баргузории маҳофили байналмилалии маҷозӣ вижаи бонувон яке аз барномаҳои тарҳи ҷомеъи қуръонии «Рисолоти Аллоҳ» аст, ки тавассути комиссияи бонувони қуръонӣ, роҳбарӣ хоҳад шуд.

Вай афзуд: Барқарории иртибототи муассир миёни қориён ва ҳофизони эронӣ бо соири қориён ва ҳофизони зани ҷаҳони Ислом, таъсиси курсиҳои собити тиловат ва ҳифзи Қуръони Карим дар сатҳи байналмилал дар миёни ҷомеаи бонувон, табодули иттилоот ва таҷрибиёт миёни ҷомеаи қуръонии бонувони Эрон бо соири кишварҳо аз ҷумла аҳдофи баргузории силсила маҳофили байналмилалии унси бо Қуръони Карим хоҳад буд.

Раиси маркази байналмилалии Қуръон ва таблиғ низ, иртиқои сатҳи тиловат ва ҳифз, равнақи фаъолиятҳои таблиғӣ ва тарвиҷӣ дар ҳавзаи бонувон ва ҷазби мухотаб, беҳбуди равобити ҳамдилона, самимӣ ва шинохти зарфиятҳои кишварҳои мухталиф, афзоиши ангеза дар духтарони ҷавон ва навҷавони дохил ва хориҷ аз кишвар ва ташвиқи онҳо дар ёдгирии каломи ваҳй ва дар ниҳоят эҷоди шабакаи қуръонӣ аз қориён, ҳофизон ва асотиди зани қуръонии ҷаҳони Исломро аз дигар аҳдофи баргузории ин силсила маҳофили қуръонӣ баршумурд.

Ҳуҷҷатулисломи валмуслимин Ҳусайни Найшопурӣ баён кард: Ин маҳофил ба сурати моҳона аз моҳи баъд дар чаҳоршанбеи охири ҳар моҳ, ба сурати маҷозӣ баргузор мешавад ва тиловатҳо ва ироаи маҳфузот тавассути коршиносони хоҳари дохил ва хориҷи кишвар таҳлил ва арзёбӣ хоҳад шуд то ҷанбаи омӯзишии он илова бар таблиғ ва тарвиҷ низ муҳаққақ шавад.

Раиси маркази байналмилалии Қуръон ва таблиғ хотирнишон кард: Дар ниҳоят ба тиловатҳои бартар ҳадоёе тааллуқ мегирад ва ба он даста аз бонувони қорӣ ва ҳофизе, ки дар ин силсила маҳофиле, ки ба сурати моҳона баргузор мешавад, мушорикати фаъолона дошта бошанд, гувоҳиномаи тахассусӣ аз сӯи Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ дода мешавад.

Вай ёдовар шуд: Қориёни аввалин маҳфили байналмилалӣ аз кишварҳои Эрон (Отифа Носеҳ), Афғонистон (Марями Ҳошимӣ), Бангладеш (Ҷаннат Башарӣ), Англистон (Ҳуро Ёсин) ва Сирилонко (Ҳасифа Нӯъмон) ҳастанд ва коршиносии тиловатҳо тавассути асотиди аз Эрон (Зайнаби Оқоӣ ва Миҷгонхон Бобо) ва Малайзия (Фараҳт Фируза) анҷом хоҳад пазируфт.

Бинобар эъломи ин хабар, ин маҳфили қуръонӣ 18 сентябр 2024 соати 14 то 15:30 ба вақти Эрон ва ба забони англисӣ дар бистари Зум баргузор мешавад. Алоқамандон метавонанд аз тариқи адреси интернитӣ дар «Ито» барои ин рӯйдоди байналмилалӣ сабти ном ва мушорикат дошта бошанд. 
 https://eitaa.com/joinchat/620757899c366f3d3653

https://iqna.ir/fa/news/4234391

captcha