IQNA

Тасовире аз ҳолуҳавои ҳарами Алавӣ дар реҳлати Паёмбари Аъзам (с)

18:44 - September 02, 2024
рақами хабар: 2052
ИКНА - Маросими бузургдошти реҳлати Паёмбари Акрам (с) бо ҳузури пуршӯр ва миллионии зоирон дар ҳарами мутаҳҳари Имом Алӣ (а) дар Наҷафи Ашраф баргузор шуд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии "Ал-Фурот Нюз", зоироне аз Ироқ ва кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба муносибати фарорасидани солрузи реҳлати Паёмбари Акрам (с) дар боргоҳи мутаҳҳари Алавӣ дар Наҷафи Ашраф маросими азодорӣ баргузор карданд.

Дар ҳамин росто, устондори Наҷафи Ашраф бо ҳамкории остони муқаддаси Алавӣ, тарҳи амниятӣ, хадамотӣ ва беҳдоштӣ барои истиқбол аз зоирон иҷро карданд.

Бар асоси ин гузориш, вазоратхонаҳои дифоъ, кишвар ва Ҳашудушаъбӣ (Басиҷи мардумӣ) дар ин тарҳи амниятӣ мушорикат доштанд ва бар талошҳои иттилоотӣ ва амалиётии пешдстона барои таъмини амнияти устони Наҷаф, манотиқи атрофи он ва масирҳои мунтаҳӣ ба шаҳри Наҷаф мутамаркиз ҳастанд ва дастрасии зоирин ба ҳарами мутаҳҳари Амирал-Муъминин Алӣ (Алайҳиссалом)-ро тасҳил мекунанд.

 

https://iqna.ir/fa/news/4234654

captcha