Ба гузориши хабаргузории расмии Ироқ, остони муқаддаси Алавӣ эълом кард: ҳудуди 5 миллион зоир, дар зиёрати солрузи реҳлати Паёмбари Акрам (с) дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Алӣ (а) ширкат карданд.
Ҳайдар Раҳим, раиси бахши иттилоърасонии остони Алавӣ дар нишасти матбуотӣ дар ин бора гуфт: Теъдоди зоирон ва азодорони реҳлати Паёмбари Акрам (с) ба 5 миллион зоир расид.
Вай гуфт: Ҳамаи ниҳодҳо ва созмонҳои зирабт барои тасҳили вуруди зоирон барои зиёрати боргоҳи мутаҳҳари алавӣ талош карданд.
Юсуф Маккӣ Гнаваӣ, устондори Наҷафи Ашраф низ аз муваффақиятомез будани тарҳи амнияти вижаи зиёрати солрузи реҳлати Паёмбари Акрам (с) хабар дод.
Кумитаи олии таъмини амнияти зиёратҳои миллионӣ низ эълом кард, ки шумори зоирони Наҷаф бештар аз солҳои гузашта будааст.
Ҳамзамон бо фарорасидани айёми реҳлати Паёмбари Акрам (с) ва шаҳодати имом Ҳасани Муҷтабо (а), ҳарами мутаҳҳари Имом Алӣ (а) дар Наҷафи Ашраф мизбони хайли зоирон ва дастаҳои азодорӣ аст, ки ҳар сола ба сурати суннати дар ҷавори боргоҳи ҳазрати Алӣ (а) гирдиҳам меоянд.