IQNA

Мавқеи кишварҳои арабӣ нисбат ба Ғазза дардовар ва таассуфовар аст

19:02 - September 05, 2024
рақами хабар: 2065
ИКНА - Сайид Абдулмалик Ал-Ҳусӣ, , раҳбари Ансоруллоҳи Яман дар суханронии ҳафтагии худ дар хусуси анҷоми муқаддамот барои барпоии мелоди Набии Акрами Ислом (с) ва ҳамчунин таҳаввулоти марбут ба Ғазза ва минтақа суханронӣ кард.

Ба гузориши манобеи хабаӣ, Сайид Абдулмалик Ал-Ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман имрӯз (панҷшнба) дар чиҳил ва шашумин ҳафтаи мутаволӣ пас аз ҷанги Ғазза, дар хусуси маросими мелоди Паёмбари Акрами Ислом (с), охирин таҳаввулоти Ғазза ва ҳамлаи ишғолгарон ба Каронаи Бохтарӣ, авзоъи минтақа ва Яман ба суханронӣ пардохт.

(Маросими мелоди Паёмбари Ислом ҳар сола дар Яман, бисёр густурдатар дар муқоиса бо дигар кишварҳои исломӣ баргузор мешавад ва тибқи як суннати таърихӣ дар ин кишвар ранг ва бӯи хоссе дорад).

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман дар ибтидои суханони худ гуфт, ки уммати Ислом ниёз дорад то ба сираи Набавӣ бозгардад; Ӯ ҳамчунин гуфт, ки шиори маросими имсол дар бузургдошти мелоди Паёмбари Ислом (с) ин ояти Қуръони Карим хоҳад буд: يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ جَاهِدِ الْكُفَّارَ وَالْمُنَافِقِينَ وَاغْلُظْ عَلَيْهِمْ (Эй Паёмбар бо кофирон ва мунофиқон ҷиҳод кун ва бар онҳо сахт гир).

Сайид Абдулмалик Ал-Ҳусӣ, таъкид кард, ки эҳтимоми мардуми Яман ба солгарди мелоди Паёмбари Ислом дар ҷаҳон маъруф аст ва маросими имсол бо мӯҳтавои фикрӣ, ҷиҳодӣ ва огоҳӣ бахшӣ барои ҳафтаҳо баргузор хоҳад шуд ва шиори «جَاهِدِ الْكُفَّارَ وَالْمُنَافِقِينَ» аслитарин унвони тамомии маросимҳо хоҳад буд.

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман дар бахши дигари суханони худ ба ҷанги Ғазза пардохт ва гуфт, ки мусулмонони Ғазза аз таҷовузоти ваҳшёна ва наслкушӣ ранҷ мебаранд, ки виҷдони башариро дар кишварҳои ғайри исломӣ барангехтааст.
Ӯ гуфт: «Илова бар виҷдони инсонӣ, ҳар фарде, ки худро мусулмон ва мӯътақиди ба Қуръон медонад масъулияти ахлоқӣ ва динӣ дорад».

Сайид Абдулмалик Ал-Ҳусӣ, сипас гуфт, ки бо ин ҳол бархе рижимҳои арабӣ дар ҳамдстӣ ва ҳамкорӣ бо режими ишғолгар Исроил ва вафодорӣ ба он шинохта мешаванд ва дар ин росто русво шудаанд.

Раҳбари инқилоби Яман бо «Шармовар» тавсиф кардани ин вазъият гуфт, ки аксари миллатҳои мусулмон ва давлатҳояшон рӯҳияи ҷиҳодиро ба таври комил аз даст додаанд ва ин шароит «таассуфовар» ва «дарднок» аст.
Сайид Абдулмалик Ал-Ҳусӣ, дар баёни ин вазъият афзуд: «Кишварҳои арабӣ беэътино ба ҷиноёт, қатл ва куштор ва гуруснагӣ дар Фаластин, беҳурматиҳо ва оташзадани мусҳафи шарифи Қуръон ва тахриби масоҷид ҳастанд ва ҳеҷ мавзеъе токунун нагирифтаанд».

Сайид Абдулмалик Ал-Ҳусӣ, афзуд: «Вазъияти ногувор дар воқеияти уммат ин аст, ки яҳудиёне, ки Худованд бар онҳо зиллат ва бечорагӣ ворид кардааст, акнун бар мардуми миллати мо зулм мекунанд».

Ӯ ҷараёни такфириро яке аз расвоиҳо муаррифӣ кард ва гуфт: «Яке аз бузургтарин расвоиҳо дар мавриди он чи дар Фаластин мегузарад, расвоии бузурги такфириҳост, ки қутбнамои душманиро тағйир медиҳанд, унвон ҷиҳод назди такфириҳо чизе ҷуз нобудии уммати Ислом аз дарун, фитнагарии таҳти унвон мазҳаб ва фирқагароӣ дар хидмат ба душман аст».

Сайид Абдулмалик Ал-Ҳусӣ, таъкид кард: «Такфириҳо ва интиҳориҳо куҷоиянд то муқобили саҳюнистҳои яҳуд худро мунфаҷир кунанд, ҳама чиз аз байн рафтааст».

Раҳбари инқилоби Яман бо тамҷид аз муқовимати размндагони фаластинӣ гуфт, ки сатҳи пойдорӣ ва муқовимати муҷоҳидин ҳаргиз аз ӯҳдаи артишҳои бузурги арабӣ бар намеояд, душман бо тамоми зулмҳо ва ҷиноёт ва ситамгарӣ ва наслкушӣ шикаст хӯрдааст ва агар истодагии мардуми Фаластин бо ҳимоят ва пуштибонии уммат ҳамроҳ буд, шароит бисёр беш аз ин ба нафъи Фаластин рақам хӯрда буд.

https://tajikpress.com/2024/09/05/

captcha