Ба гузориши Ал-Машҳдул-Арабӣ, вазорати авқофи Урдун аз миллатҳои арабӣ ва исломӣ хост ба масъулиятҳои худ амал карда ва ба ишғолгарони саҳюнистӣ фишор биёваранд то ҷилави талошҳои онҳо барои султа бар Масҷидулақсо гирифта шавад.
Ин вазоратхона дар айни ҳол нисбат ба ташдиди раванди яҳудисозӣ дар муқаддасоти исломӣ ва масеҳии Қудс ҳушдор дода ва вазъияти мавҷудро яке аз хатарноктарин мароҳил барои тағйир дар вазъияти таърихӣ ва ҳуқуқии мавҷуд дар ин маконҳо тавсиф кард.
Мухаммад Ал-Халайла, вазири авқоф, умури исломӣ ва амокини мутабаррикаи Қудс ҳам ташдиди таҷовузоти режими палид ва кӯдаккуши ишғолгари саҳюнистӣ алайҳи Масҷидулақсо ва судури муҷаввизи полиси режими ҷинояткори саҳюнистӣ барои тундравҳои яҳудӣ дар ҳамла ба Масҷидулақсоро ба шиддат маҳкум кард.
Вай нисбат ба авоқиби ҷилавгирӣ аз ҳузури мусулмонон дар Масҷидулақсо ва салби ҳаққи дастрасӣ ва намозхондани онҳо дар ин макон ҳушдор дода ва тасреҳ кард ин иқдом дарҳоле анҷом мешавад, ки мақомоти ишғолгар аз таҷовузоти яҳудиёни ифротӣ ва талоши аъмоли тағйироти асосӣ дар дохил ва хориҷи Масҷидулақсо ҳимоят мекунанд.
Мухаммад Ал-Халайла, таъкид кард, ки мусулмонон ба ҳаққи динӣ, таърихӣ ва қонунии худ нисбат ба Масҷидулақсо ба унвони як масҷиди сирфан исломӣ барои мусулмонон поибанд ҳастанд ва тақсимбандии ин макон байни мусулмонон ва яҳудиёнро намепазиранд.