Ба гузориши равобити умумии Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ; Козими Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Русия зимни боздид аз сию ҳафтумин намоишгоҳи байналмилалии Китоби Маскав бо баёни ин матлаб гуфт: Китоб ва китобхонӣ, мутолиаи осори якдигар ва ҳузур дар намоишгоҳҳои ҳамдигар аз роҳкорҳои тавсеаи муносиботи фарҳанги ду кишвар ва афзоиши шинохти мутақобили мардум ва ба вижа нухбагони Эрон ва Русия аст.
Рӯнамоӣ аз 11 асари ҷадиди интишороти Садро ба забони русӣ
Ҳамчунин дар боздиди Козими Ҷалолӣ, сафир ва масъуди Аҳмадванд, ройзани фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия аз ғурфаи интишороти Садро вобаста ба бунёди мутолиоти исломии Ибни Сино, 11 асари ҷадиди ин интишорот ба забони русӣ рӯнамоӣ шуданд.
Ҳамчунин, дар нахустин рӯзи намоишгоҳ, осори ҷадиди донишгоҳи Ҷомеатул-Мустафо (с) Ал-Оламия рӯнамоӣ шуд. Дар ин ойин, ҳуҷҷатулисломи валмуслимин Расули Абдуллоҳӣ, намояндаи Ҷомеатул-Мустафо (с) Ал-Оламия дар Русия гуфт: Дар се соли гузашта ҳудуди 50 унвон китобро ба забони русӣ таълиф ё тарҷума кардаем, ки дар ин миён, 16 ҷилд барои нахустин бор дар намоишгоҳи Китоби Маскав ба намоиш даромадааст.
Вай афзуд: Ин осор бо нигоҳи тақрибии мазоҳиб ва гуфтугӯи байни адён дар ҳавзаи улуми инсонӣ ва исломӣ мунташир шудаанд. Рӯйкарди мо тарҷумаи осори фохири мунташир шуда дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин ҳавзаҳо бо ҳадафи тақвияти иртиботи илмӣ миёни Эрон ва Русия ба вижа нухбагони ду кишвар аст.
Ёдоварӣ мешавад; Ба ҳиммати ройзани фарҳангии Эрон дар Русия ва бо ҳамкории хонаи Китоб ва адабиёти Эрон, ғурфаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе бо ҳузури Козими Ҷалолӣ, сафир, Масъуди Аҳмадванд, ройзани фарҳангии кишвари Эрон дар Русия ва мудирони фарҳангӣ, дар сию ҳафтумин намоишгоҳи байналмилалии Китоби Маскав ифтитоҳ шуд.
https://iqna.ir/fa/news/4235252