IQNA

Парлумони Нидерланд пешниҳоди мамнуъияти Қуръонсӯзиро рад кард

20:04 - September 07, 2024
рақами хабар: 2074
ИКНА - Расонаҳои нидерландӣ эълом карданд, ки парлумони ин кишвар пешниҳоди мамнуъияти қуръонсӯзӣ ва иҳонат ба Қуръони Каримро рад кардааст.

Ба гузориши Ал-Қоҳира 24, тибқи эъломи расонаҳои нидерландӣ аксарияти намояндагони парлумони ин кишвар бо дархости Аҳмад Маркуш, шаҳрдори Арнем дар асоси мамнуъияти миллии беҳурматӣ ва сӯзондани Қуръони Карим мухолифат карданд.

Дар ҳамин замина намояндагони парлумони Нидерланд гуфтанд, ки талош барои сӯзондани Қуръони Карим ба василаи ҷунбиши зидди исломии Пегида дар авоили соли ҷории мелодӣ иқдоми нодуруст буд ва алорағми талоши полис барои ҷилавгирӣ аз ин иқдом, аз кантрол хориҷ шуд, аммо мамнуъияти қуръонсӯзӣ амри ғайри зарурӣ аст.

Бар асоси ин гузориш, парлумони Нидерланд рӯзи сешанбеи гузашта аввалин ҷаласаи худро дар заминаи ҷунбиши зидди исломии Пегида ва мамнуъияти сӯзондани мутуни динӣ баргузор кард.

Дар авоили соли ҷории мелодӣ Эдвин Вагенсфелд, раҳбари ҷунбиши зидди исломии Пегида қуръонсӯзии дигареро дар Арнем тартиб дод; Эдвин Вагенсфелд, дар ду соли гузашта чандин бор даст ба ҳатки ҳурмати Қуръон зада буд; Ба думболи ин иқдом, шаҳрдори Арнем хостори мамнуъияти иқдоми ҷадиди двин Вагенсфелд ва мамнуъияти миллии қуръонсӯзӣ шуд. 

Аз сӯи дигар, Исмоил Ал-Аббосӣ, намояндаи парлумони Нидерланд низ бо ишора ба лузуми ҳимоят аз ин мамнуъият, хостори баргузории ин ҷаласа дар январ шуд ва гуфт: Сӯзондани мутуни динӣ монанди Қуръон, таъбири ифротӣ аз таҳқир ва аз байн бурдани инсонияти инсонҳо аст.

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки ин иқдом, озодии баён нест балки эҷоди нафрат алайҳи мусулмонон аст.

https://iqna.ir/fa/news/4235243

captcha