IQNA

Санъо омодаи баргузории ҷашнҳои мелоди Паёмбари Акрам (с)+ филм

22:57 - September 08, 2024
рақами хабар: 2079
ИКНА - Видеое аз омодасозии шаҳри Санъо, барои баргузории ҷашнҳои мелоди Паёмбари Акрам (с) бо истиқболи густардаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мувоҷеҳ шудааст.

Ба гузориши Ал-Амсира, баргузории ҷашнҳои мелоди Паёмбари Акрам (с) аз дербоз яке аз муҳиммтарин оинҳои мусулмонон дар Яман будааст. Боинҳол дар чанд даҳаи ахир баргузории ин ҷашнҳо аз сӯи ифротгароён ба унвони оинҳои инҳирофӣ ва мушрикона тавсиф шудааст ва бисёре аз ин гурӯҳҳо хоҳон таваққуфи баргузории ин ҷашнҳо шудаанд. 

Уламои исломӣ дар Яман, Миср ва дигар кишварҳои исломӣ аз мазоҳиби мухталиф ҳамвора бар лузуми бузургдошти мақоми Паёмбар (с) таъкид кардаанд. Мақомоти Ансоруллоҳи Яман низ хостори баргузории ҳарчӣ бошукӯҳтари ҷашнҳои бузургдошти мелоди Паёмбар (с) ҳастанд.

Ҳамчунин дувумин ҷашнвораи солонаи бузургдошти мелоди ҳазрати Муҳаммад (с) дар минтақаи Ат-Таҳрири Санъо дар ҳоли баргузорӣ аст; Ин ҷашнвора бо ҳимояти ҷамъияти хайрияи омӯзиши Қуръони Карим ва улуми қуръонӣ аз 1 то 10 сентябр дар майдони Ат-Таҳрир баргузор мешавад.

Ҷашнвораи солонаи бузургдошти мелоди ҳазрати Муҳаммад (с) бо ҳадафи тақвияти ишқ ба Паёмбар (с) ва ибрози ҳамбстагӣ бо мардуми Фаластин дар буҳбуҳаи таҷовузоти мудовими Исроил ба навори муҳосира шудаи Ғазза баргузор мешавад.

код

https://iqna.ir/fa/news/4235436

captcha