IQNA

Дувумин рӯз аз мусобиқоти байналмилалии Қуръони бонувони Иморот

5:03 - September 10, 2024
рақами хабар: 2081
ИКНА - Дувумин рӯз аз мусобиқоти байналмилалии ҳифзи Қуръони «Шайха Фотима бинти Муборак» вижаи бонувон бо рақобати 12 ширкаткунанда дар навбати субҳ ва аср баргузор шуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Асмоъ бинти Абдурразоқ Шалбӣ аз Тунис, Марям Ҳабиб аз Нигерия, Фоти Ҳасан Рошид аз Кения, Сумая Ҳаддод аз Фаронса, Селви Салсабиле аз Индонезия ва Хадиҷа Аҳмад аз Камерун ширкаткунандагони навбати субҳ буданд.

Ҳамчунин Оиша Билол Ҷохура аз Африқои Ҷанубӣ, Оло Кӯша аз Сурия, Аъло Буҳайрӣ аз Италия, Фирдавса Халил Ҷомеъ аз Эфиопия, Робиъа Матар Явон аз Ҷумҳурии муттаҳиди Кумур ва Марям Каё аз Соҳили Оҷ дар навбати аср ва дар бахши ҳифзи кулли Қуръон ба ривояти Ҳафс аз Осим ба рақобат пардохтанд.

Асмоъ бинти Абдурразоқ Шалбӣ, намоянда Тунис гуфт: Ҳифзи Қуръони Каримро аз синни шаш солагӣ шурӯъ кардам, аммо ба далели вақфа, дар нуздаҳ солагӣ ба поён расондам; Ҳузур дар мусобиқоти Қуръони Дубай дувумин ҳузурам дар мусобиқоти байналмилалии қуръонӣ аст.

Ҳамчунин Сумая Ҳаддод, намояндаи Фаронса, ки Марокашитабор ва донишомӯзи соли аввали роҳнамоӣ аст гуфт, ки ҳифзи Қуръони Каримро аз синни ҳафт солагӣ оғоз карда ва дар арзи як сол ба поён расондааст; Ҳаддод аввалин ҳузурашро дар мусобиқоти байналмилалии Қуръон таҷриба мекунад.

Фаъолиятҳои ҳаштумин давраи мусобиқоти байналмилалии ҳифзи Қуръони Карими «Шайха Фотима бинт Муборак» бо ҳузури 60 ширкаткунанда аз саросари ҷаҳон дар толори фарҳанг ва илм дар минтақаи Мамарзи Дубай аз рӯз шанбе оғоз шуд ва то чаҳоршанбе идома хоҳад дошт. 

Заҳро Ансорӣ, намояндаи Эрон дар ин мусобиқот субҳи рӯзи чаҳоршанбе бо ҳузур дар ҷойгоҳи мутасобиқон ба саволоти гурӯҳи доварӣ посух медиҳад.

https://iqna.ir/fa/news/4235655

captcha