IQNA

Алоқаи футболисти мисрӣ бо Қуръон + филм

5:27 - September 10, 2024
рақами хабар: 2083
ИКНА - Тиловати Қуръон аз сӯи Муҳаммад Ан-Нанӣ, бозикуни тими миллии футболи Миср дар Урдуи ин тим, бори дигар таваҷҷуҳи корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба унс ва алоқаи ин бозикун ба Қуръони Карим ҷалб кардааст. 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Муҳаммад Ан-Нанӣ, бозикуни тими миллии футболи Миср дар видеои мунташир шуда дар ҳоли тиловати ояти 126 сураи муборакаи Оли Имрон аст.

وَمَا جَعَلَهُ اللَّهُ إِلَّا بُشْرَىٰ لَكُمْ وَلِتَطْمَئِنَّ قُلُوبُكُمْ بِهِ ۗ وَمَا النَّصْرُ إِلَّا مِنْ عِنْدِ اللَّهِ الْعَزِيزِ الْحَكِيمِ Ва Худо он [ваъдаи пирӯзи]-ро ҷуз муждае барои шумо қарор надод то [бад-ин васила шодмон шавед ва] дилҳои шумо бадон оромиш ёбад ва пирӯзӣ ҷуз аз ҷониби Худованди тавонои ҳаким нест (126)

Ин нахустин бор нест, ки тиловати Қуръон аз сӯи ин бозикуни пешини тими Орсенал ва бозикуни кунунии тими миллии Миср мавриди таваҷҷуҳи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор мегирад. Ӯ пештар низ видеоҳои аз тиловати Қуръони худ дар урдуи тими Орсенал ва ё дар ҳангоми ронандагӣ дар худрави шахсӣ мунташир карда буд; Видеоҳое, ки аз сӯи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Миср ва дигар кишварҳои арабӣ бо истиқболи густурда мувоҷеҳ шуд.

код

https://iqna.ir/fa/news/4235516

captcha