Ба гузориши хабаргузори Насим, нахустин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими вижаи духтарон дар Қирғизистон, дирӯз якшнба 8 сентябр бо муаррифии нафароти бартар ба кори худ поён дод.
Дар ин давра аз мусобиқот донишомӯзони маркази Нури вобаста ба маркази исломии ҷавонон дар Қирғизистон мақомҳои бартарро касб карданд.
Ин мусобиқот, ки ба ҳиммати идораи умури динии мусулмонони Қирғизистон ва бо ҳамкории вазорати умури исломӣ, даъват ва иршоди Арабистон дар масҷиди имом Сарахсӣ, Бишкек пойтахти ин кишвар баргузор шуд. Ширкаткунандагон дар чаҳор бахш тиловат ва лаҳн, ҳифзи кулли Қуръони Карим, ҳифзи бист ҷузъ ва ҳифзи даҳ ҷузъ ба рақобат пардохтанд.
Ба гуфтаи масъулон, баргузории ин мусобиқот дар ростои тарвиҷи омӯзаҳои сулҳомези исломӣ, тарвиҷи гуфтугӯ байни фарҳангҳо ва тамаддунҳо ва ҳимоят аз бонувони ҳофизи Қуръон сурат гирифтааст. Илова бар ин талош барои густариши фарҳанги Қуръони Карим дар миёни ҷавонон, ҳимоят аз ҳофизони Қуръони Карим ва фароҳам кардани заминаи рақобати созанда, тақвияти ҳамбстагӣ миёни мусулмонон дар саросари ҷаҳон, тақвияти ваҳдати исломӣ ва густариши арзишҳои мудоро ва ҳамзистии мусоламатомез аз дигар аҳдофи баргузории ин мусобиқот будааст.
Баргузидагони ин давра аз мусобиқот аз сӯи Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон мавриди тақдир қарор гирифтанд.
https://iqna.ir/fa/news/4235624