IQNA

Намоиши мероси исломӣ аз масири илм ва табиат дар бӯстони қуръонии Дубай + акс ва филм

15:59 - September 11, 2024
рақами хабар: 2086
ИКНА - Бӯстони қуръонии Дубай бо фазое ба масоҳати 64 гектар маҳалле барои намоиши таърих ва тамаддуни исломӣ аст. Дар ин бӯстон даҳҳо намуна аз гиёҳони зикр шуда дар Қуръони Карим ва ривоёти исломӣ ва низ мӯъҷизоти Паёмбарон ба намоиш даромадааст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, бӯстони Қуръонии Дубай дар соли 2019 дар масоҳати ҳудуди 64 гектар дар минтақаи Ал-Хавониҷи Дубай эҷод шуд. Ин порк нахустин бӯстони бузурги Дубай буд, ки барои боздидкунндагон роягон аст. Ин боғ намунаои омӯзишӣ, иҷроӣ ва амалӣ аст ва ҳар ончи дар Қуръони Карим ворид шуда аз ҷумла дарахтон ва гиёҳон, ва ҳамчунин аҳодиси набавӣ дар ин боғ бо ҷузъиёт нишон дода шудааст.

Ин порки қуръонӣ гоми муҳимме барои ошноӣ бо дини мубини Ислом аст, ки инсонҳоро ба тасомуҳ, муҳаббат ва сулҳ даъват мекунад ва ба тафаккур ва таҳқиқ ва донишандӯзӣ фаро мехонад.

Ин бӯстони қуръонӣ шомили як дарёчаи маснуӣ ва 12 фазои сабзи муҷаззо аст, ки дар он гиёҳони зикр шуда дар Қуръон ҳамроҳ бо мушаххасоти илмии онҳо ба намоиш гузошта шуда ва аз тариқи манитарҳое, дар бораи фавоиди илмӣ, пизишкӣ ва равиши истифода аз онҳо тавзеҳ дода мешавад. 

Аз ҷумла дарахтон ва гиёҳони мавҷуд дар ин бӯстон метавон ба муз, анор, зайтун, тарбуз, ангур, анҷир, сирпиёз, пиёз, зуррат, адас, гандум, занҷабил, райҳон, каду, боддринг, хурмо, зира, тамри ҳиндӣ ва дарахтони дигар ишора кард.

Боғҳои ин маҷмӯа шомили боғ иисломӣ, кавирӣ ва Андалусӣ мешавад. Ҳамчунин бахшҳое барои кӯдакон, имконоти варзишӣ, мағозаҳои фурӯши гиёҳон ва хадамоти марбута ва як маркази тиҷорӣ дар ин бӯстон дар назар гирифта шудааст.

Бахшҳои аслии ин порк иборатанд аз:

Ғори мӯъҷизот

«Ғори мӯъҷизот» аз муҳиммтарин бахшҳои ин порки қуръонӣ аст, ки дар он 7 мӯъҷизаи зикр шуда дар Қуръон аз тариқи мониторҳои бо фановарии ҷадид ба забонҳои арабӣ ва англисӣ тавзеҳ дода шудааст. Ин намоишгоҳ таомули, мӯъҷизоти ҳазрати Муҳаммад (с)-ро, ки дар Қуръон зикр шудааст нишон медиҳад. Боздидкунндагон метавонанд шоҳиди тасовири се буъдӣ бошанд, ки ин рӯйдодҳои таърихиро зинда мекунад. Мӯъҷизоти паёмбароне ҳамчун Юнус ва Исо ва Сулаймон ва Иброҳим ва Нӯҳ ва Яҳё (Алайҳимассалом) ва мӯъҷизаи шаққул-қамар тавассути Паёмбари Ислом (с) дар ин намоишгоҳ арза шудааст. 

Хонаи шишаӣ 
Хонаи шишаӣ, гклхонае аст, ки дар он гиёҳоне, ки дар Қуръон зикр шуда ва қарнҳо ба башарият хидмат кардаанд ба намоиш даромадааст. Дар ин бахш 51 навъ гиёҳ, ки дар Қуръон ва ривоёт ба онҳо ишора шуда парвариш дода мешаванд.

Дарёча ва боғҳо 

Боздид аз ин бахшҳо барои боздидкунндагон роягон аст. Метавон дар канори дарёчаи ором, ки баёнгари мӯъҷизаи шикофтани дарё тавассути ҳазрати Мӯсо (а) ва достони ғарқ шудани Фиръавн ва сипоҳёнаш дар дарё аст қадам зад ё дар 12 боғ, ки ҳар кадом ба диққат барои намоиши гиёҳони хосси зикр шуда дар Қуръон тарроҳӣ шудаанд ба гардиш пардохт.

Дар тамоми фазоҳои сабзи ин бӯстон низ мониторҳои қарор дода шудааст, ки иттилооти гиёҳон ва дарахтони мавҷуд ва фавоиди истифода аз онҳо дар ғизо ва пизишкиро тавзеҳ медиҳад ва оёт ва аҳодисе, ки дар бораи ин гиёҳон ворид шудааст, баён медорад.

Ин порк ҳамарӯза аз соати 9 то 22 пазирои алоқамандон аст. Вуруд ба порки қуръонии Дубай ройгон аст, аммо барои боздид аз ғори мӯъҷизот 5 дирҳам ва барои боздид аз хонаи шишаӣ ҳам 5 дирҳам бояд пардохт шавад. Аз кӯдакони зири ду сол ва маълулон барои ба ин амокун ҳазинае дарёфт намешавад.

Аҳмад Аз-Заръунӣ, мудири бахши поркҳои умумӣ ва маконҳои тафреҳии шаҳрдории Дубай гуфт: Ин порк аз замони оғоз ба кори худ дар соли 2019 то кунун пазирои беш аз шаш миллион боздид кунанда будааст. Вай ба ибтикороти мутааддиде, ки тавассути ин порк анҷом шудааст, аз ҷумла турҳои мадорис бо ҳадафи омӯзиши донишомӯзон ва ҳамкорӣ бо идораи умури исломии Дубай дар бознигарии мӯҳтавои қуръонӣ ва илмӣ арза шуда дар ин бӯстон аз ҷумла достонҳои Паёмбарон ишора кард. 

Вай идома дод: Ин порк бо ҳадафи эҷоди пулҳои иртиботи фикрӣ ва фарҳангӣ бо ҷавомеъ ва мазоҳиби мухталиф ва иртиқои мудоро бо намоиши дастовардҳои фарҳангии дини мубини Ислом сохта шудааст. Қуръони Карим шомили мӯъҷизоти зикр шуда барои Анбиёи пешин аст, ки дар ин бӯстон барои боздидкунндагон ба намоиш гузошта мешавад.

код

https://iqna.ir/fa/news/4235413

captcha