IQNA

Рақобати 12 ширкаткунанда дар севумин рӯзи мусобиқоти Қуръони Иморот

16:19 - September 11, 2024
рақами хабар: 2087
ИКНА - Дар севумин рӯз аз ҳаштумин давраи мусобиқоти байналмилалии ҳифзи Қуръони «Шайха Фотима бинти Муборак» 12 ширкаткунанда дар ду навбати субҳ ва аср ба рақобат пардохтанд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар севумин рӯзи мусобиқоти Қуръонии Дубай, ки дирӯз, баргузор шуд, 12 ширкаткунанда дар баробари ҳайати доварон ба рақобат пардохтанд, ки 6 ширкаткунанда навбати субҳ, Муния Аҳмад аз Либия, Фотима бинт Ҷолу аз Сенегал, Одом Ҳаво Балди аз Гвинея Кунокрӣ, Зи бинти Муҳаммад ибни Носир аз Султон нишини Уммон, Сафия Муҳаммад Тоҳир аз Шветсия ва Фотима Сонӣ аз Гамбия буданд.

Дар навбати аср низ Марям Башир Ҷолу аз Серра-Леоне, Ифнон Рашод Алӣ Солим аз Яман, Арафа Аввал аз Ирландия, Саъдин Бону аз Ҳинд, Фотима Просут Синг аз Тайланд ва Амми Кулсум Боҳ аз Гвинея Бисау ба рақобат пардохтанд.

Зи бинти Муҳаммад ибни Носир, намояндаи Салтанати Уммон, ки 13 сол син дорад ва яке аз ширкаткунандагони ҷавон дар ин мусобиқот аст, гуфт: донишомӯзи синфи ҳаштум ҳастам, фазои хонавода маро ба ҳифзи Қуръон ташвиқ кард ва аз падар ва модарм то амма ва ҳатто модарбузургам ҳамагӣ алоқаманд ба тиловат ва ҳифзи Қуръон ҳастанд. Вай афзуд: тақрибан аз чаҳор солагӣ, ҳифзи Қуръонро шурӯъ кардам ва дар ҳафт солагӣ онро ба поён расондам.

Фотима бинт Ҷолу, намояндаи Сенегал, донишҷуи соли дувуми донишгоҳ дар коллеҷи забонҳои хориҷӣ аст ва бо ташвиқи волидайн ва муаллимаш аз синни чаҳордаҳ солагӣ ҳифзи Қуръони Каримро оғоз ва дар тӯли ду сол Қуръонро ба таври комил ҳифз кардааст; Вай афзуд: Қуръон зеҳнро мекушояд ва инсонро ба Парвардигор наздик мекунад.

Ания Аҳмад Ҳасан, намояндаи Либия, ки донишҷуи соли севуми донишгоҳ аст ва дар риштаи беҳдошти умумӣ таҳсил мекунад гуфт, ки ҳифзи Қуръони Каримро дар шаш солагӣ дар масҷиде оғоз ва дар чаҳордаҳ солагӣ онро такмил кардааст. Вай шаш бародар дорад, ки се тои онҳо ҳофизи Қуръони Карим ҳастанд. 

Вай дар бораи ҳифзи Қуръон гуфт: Аз ҳифзи сураҳои кӯтоҳ шурӯъ кардам сипас ба тадриҷ ҳифзи куллро ба поён расондм; Тавассул ба Қуръон дар зиндагиям бисёр роҳгушо буда ва вақте дар дарсхондан ё имтиҳон ба мушкил бар мехӯрм, онро раҳо карда ва Қуръон мехонам. 

Ҳаштумин давраи мусобиқоти байналмилалии ҳифзи Қуръони Дубай, дирӯз сешанбе бо рақобати 12 ширкат кунанда дар ду навбати субҳ ва аср думбол мешавад ва ширкаткунандгоне аз кишварҳои Сарилонко, Кувайт, Баравнӣ Дорулислом, Ҷумҳурии Демократики Конго, Мавритания, Фаластин, Бангладеш, Амрико, музомбик, Малайзия ва Урдун бо ҳам рақобат мекунанд.

Фаъолиятҳои ҳаштумин давраи мусобиқоти байналмилалии ҳифзи Қуръони Карими «Шайха Фотима бинти Муборак» бо ҳузури 60 ширкаткунанда аз саросари ҷаҳон дар толори фарҳанг ва илм дар минтақаи Мамарзи Дубай аз рӯзи шанб оғоз шуд ва то чаҳоршанбе яъне имрӯз идома хоҳад дошт.

Заҳро Ансорӣ, намояндаи Эрон дар ин мусобиқот субҳи рӯзи чаҳоршанбе бо ҳузур дар ҷойгоҳи мутасобиқон ба саволоти гурӯҳи доварӣ посух медиҳад.

https://iqna.ir/fa/news/4235841

captcha