IQNA

Намоиши нусхаи дастнависи мунҳасир ба фарди Қуръон дар Кашмир + филм

16:29 - September 11, 2024
рақами хабар: 2088
ИКНА - Як нусхаи дастнавис аз Қуръон, ки гуфта мешавад бузургтарин нусха дар навъи худ дар ҷаҳон аст дар Кашмир барои боздиди умум ба намоиш гузошта шудааст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, як нусхаи дастнависи камёб аз Қуръони Карим, ки гуфта мешавад бузургтарин Қуръон дар ҷаҳон аст, дар Пирпур воқеъ дар минтақаи Ҷому дар Кашмир ба намоиш гузошта шудааст.

Ин Қуръон дар бошгоҳи матбуотии Кашмир (KPC) дар ин шаҳр ба намоиш гузошта шудааст.

Ин Қуръон ба тӯли 41 фут ва арзи 8,5 фут тавассути олими динӣ ва хушнависи машҳур Ҳайдар Шоҳ Нуронӣ Муҷаддадӣ, китобат шудааст.

Ин намоиши се рӯза, ки аз рӯзи якшанбе оғоз шуд, ба боздидкунндагон ин имконро медиҳад, ки нусхаи хаттии комилро, ки бо тарҷумаи Урду ҳамроҳ аст, мушоҳида кунанд. Ин намоишгоҳ барои умуми мардум аз тилоби динӣ, донишҷуён ва ақшори мухталифи мардум озод аст.

Ҷамъи зиёде аз мардум аз ҳамаи ақшор ва мазоҳиб барои зиёрати умумӣ нусхаи дастнавис аз бошгоҳи матбуотии Кашмир дар Мирпур дидан карданд. 

Ҳайдар Шоҳ Нуронӣ Муҷаддадӣ, хушнависи ин асар гуфт, ки такмили ин нусхаи дастнавис 425 рӯз ва ҷамоварии он се моҳ тӯл кашидааст. Ин Қуръон қаблан дар шаҳрҳои мухталифи Покистон ба намоиш даромада ва акнун барои аввалин бор дар Мирпур аст.

Вай афзуд: Баргузории намоиши умумии се рӯзаи бузургтарин нусхаи Қуръони Карими ҷаҳон дар бошгоҳи матбуотии Мирпури Кашмир мояи баракат ва ифтихор барои кулли башарият ба таври ом ва кулли уммати исломӣ ба таври хос аст.

Сайид Обид Ҳусайн Шоҳ, раиси KPC ба хабарнигорон гуфт, ки намоиши умумии ин нусха ба муддати се рӯз то се шанбе 10 сентябр барномарезӣ шуда ва идома хоҳад дошт.

Ин Қуръон қаблан дар шаҳрҳои мухталифи Панҷоб, Санад ва Музаффаробод ба намоиши умумӣ гузошта шудааст.

код

https://iqna.ir/fa/news/4235708

captcha