IQNA

Эрон: Интиқом аз Исроил ин дафъа дигар хоҳад буд

22:41 - September 11, 2024
рақами хабар: 2093
ИКНА - Фармондеҳи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон гуфт: исроилиҳо таъми талхи интиқомро ба хотири рафторҳои бадашон мечашанд, кай, куҷо ва чигуна? Ҳатман ин дафъа дигар амал хоҳем кард ва ин муаммо замоне барои ҳама ҳал мешавад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Ҳусейн Саламӣ, фармондеҳи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон гуфт, Режими Исроил дар борикаи ишғолшуда дар муҳосираи мусулмонон аст ва аз тарси интиқоми ҳатмии Эрон шаб ва рӯз меларзанд.

Вай афзуд, исроилиҳо наметавонанд ба ҳаёти сиёсии худ идома диҳанд ва нишонаҳои зоҳирии поёни ҳаёти сиёсии онҳоро мебинем, мақомоташон ошуфтагии зеҳнӣ доранд ва шабҳо дар пойтахти Исроил алайҳи давлаташон тазоҳурот мекунанд, ҷанг ба дохили Исроил кашида шуда ва роҳи наҷоте барояшон нест.

Фармондеҳи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон гуфт: исроилиҳо таъми талхи интиқомро ба хотири рафторҳои бадашон мечашанд, кай, куҷо ва чигуна? Ҳатман ин дафъа дигар амал хоҳем кард ва ин муаммо замоне барои ҳама ҳал мешавад.

https://tajikpress.com/2024/09/09

captcha